Ақли бунафш

ДИЛАМ
Тире, ки нишон гирифт, дар роҳ шикаст,
Сад бор шикаста буд, боз оҳ, шикаст.
Афсӯс, ки тири дӯст буд, не душман,
Гардид дилам аз ин чу огоҳ, шикаст.
Ёрон зи душманӣ хабардор шуданд,
Бо дидаи пурашк маро ёр шуданд.
Воқиф шудам он гоҳ зи ҳастии дилам,
Аъзои вуҷуди ман ҳама бемор шуданд.
Огаҳ зи вуҷуди қалби ман шуд дунё,
Гардид бадал тило ба мис чун рӯъё.
Аз кори ҷаҳон дилам надорад гилае,
Дилгир бувад зи одамон, вовайло!
Некии касе бар дили ман марҳам шуд,
Гаҳ шарри касе боиси чандин ғам шуд.
Бо ин ҳама чун шамс битобид дилам,
Ойинаи Искандарӣ бар одам шуд.
Афзуд дилам ба доғи худ доғи дигар,
Озурда зи ғусса гашт ҳар шому саҳар.
Дар зулмати даҳр сӯхт дилам рӯзу шабон,
Бо ёди саҳар боз фурӯзон шуд зи дигар...
АЗ ИН ДУНЁ ЧӢ МЕХОҲАМ?
Занам қамчин ба аспи умр ҳар дам,
Аз ин дунё намедонам, чӣ хоҳам?
Гирифторам чаро ин қадр бар ғам?
Чӣ мехоҳам аз ин дунё, чӣ донам?
Расида аз куҷо, раҳпӯ куҷоям?
Чу най нолон, зи нойистон ҷудоям,
Ба аҳли дил чу Хайём ошноям,
Чӣ мехоҳам аз ин дунё, чӣ донам?
Ба истиқболам ояд санг дар даст,
Ба чашмам ашк, сабрам лек нашкаст.
Чӣ битвон кард, агар тақдир ин аст,
Чӣ мехоҳам аз ин дунё, чӣ донам?
Гирифторам шаби ялдо ба ғамҳо,
Асирам бар азиятҳо, аламҳо.
Чӣ созам, бандаам, банди ситамҳо,
Чӣ мехоҳам аз ин дунё, чӣ донам?
Насимивор сар бидҳам ба дораш,
Шавам машрабсифат эй кош, ёраш.
Равам, он сон ки Бобур аз диёраш...
Чӣ мехоҳам аз ин дунё, чӣ донам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё