Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар пеши дуконе чанд курсии холӣ ёфта нишастем. Қориака фармуданд, ки кока-кола биёранд.
Кока-кола нӯшокии бад набудааст. Корчалонҳо рекламаи тарғибкунандаи онро аз ҳар гуна ҳадду ҳудуд гузаронида, ин оби хуштаъмро бадном кардаанд.
Ману Исрофил ҳам оби яктои шишаро аз гулӯяш ба гулуямон рехта холӣ кардем. Кока-кола дар ин ҷо ба ҳамин тариқа менӯшидаанд.
Темурҷонқорӣ ва Оллоҳназарқорӣ оби мева нанӯшиданд.
– Чаро шумо наменӯшед? – пурсид Исрофил.
– Мо зам-зам нӯшидем! – муддаиёна гуфт Оллоҳназарқорӣ. Исрофил оҳанги маломатомези ӯро зуд фаҳмид. Яъне ки мусулмони комил дар ҷое ки зам-зам ҳаст, аз ҳама гуна шарбати дунё рӯй метобад.
Камина ғусса мехӯрдам, ки ба ҳамсафарон зам-замро камтар нӯшед, гуфта наметавонам. Солҳои гузашта аз истеъмоли ин оби муборак бисёр ҳоҷиён аз остонаи Маккаи мукаррама берун нарафта, дар ҳамин ҷо пой дароз мекарданд. Ҳатто бе микроскоп, бо назари одӣ ҳам аз ранги тира ва бӯи начандон хуши он пай бурдан мумкин аст, ки дар ҳар як ҷуръаи он тухми чандин дард ниҳон аст.
… Соҳибони манзил арз карданд, ки барои мо ду хона ҷудо кардаанд: яке ҳамон хонаи бадбӯйи сиёҳ, ки хӯроки шом хӯрда будем, дигаре дар ошёнаи сеюм. Сардор фармуданд, ки ҷавонтарон ба ошёнаи сеюм бароянд, зеро барои мӯйсафедон барову фаро заҳмати изофист.
Хонаи боло дар сохт монанди хонаи поён буд, фарқаш ин ки нимсуфаҳои атрофаш баландтар, ҳавояш тозатар ва дар сақфаш бодбезаке овезон буд.
То баромадани ману Исрофил нимсуфаҳоро шарикон банд карда буданд. Болинҳо ва кӯрпачаҳо низ тақсим шуда буд.
Мо дар рӯи хона ҳайрон мондем. Пас аз муддате як дона болин оварданд ва мо ҳар ду ба он сар монда, дар рӯи қолини нимдошти бепат дароз кашидем.

пешина
аз 247
навбатӣ