Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ба пеши ҳазрат рафтам.
– Дил чӣ тавр, ҳазратам?
– Хуб аст. Муташаккирам, ҷаноб, муташаккир.
Мулло Ӯроқака аз дур маро дида шитобон омад.
– Якта дуд кунем, ука.
Аз ҷои нишастам сигарета оварда додам.
– Мебахшед, гӯгирд ҳам он ҷо мондааст.
Гӯгирд ҳам овардам. Баъд аз сар то думи самолёт гашта, ҳамсафарони худро аз назар гузарондам. Аксарият мехобид.
Ҳаво ба дараҷае равшан шуда буд, ки замин акнун хуб менамуд. Ростӣ, он чизе ки менамуд, замин не, баҳр буд. Оби сермавҷ аз ин масофа чун паҳлуи пулакчадору симобранги шӯрмоҳӣ метофт.
Исрофил бедор шуд.
– Қурбон, нахобидӣ?
– Не.
– Чаро?
– Нашуд.
Исрофил «ҳм» гуфту боз чашм ба тирезачаи пеши худ дӯхт.
Мо ду рӯз боз ба ҳамдигар «ту» мегӯем. Ман аз ин бағоят хурсандам. Дар ин чанд рӯзи қабл аз сафар бисёр мешуд, ки дар ҷамъияти ҳамсуҳбатони навам худро бениҳоят танҳо ва ғариб медидам.
Ба Маскав омада шаби аввалро дар меҳмонхонаи Виставка ҳамроҳи бухгалтери яке аз колхозҳои Кубан ва як механизатори эстон гузаронидам. Бухгалтер шоҳмот ёфта омад, секаса то нисфи шаб бозӣ кардем. Одамони хушчақчақи кушодарӯй буданд.
Рӯзи дигар аз кӯча бевақттар баргаштам. Дар пешгоҳи хона ду нафар аз ҳамсафарони ояндаам ҷойнамоз густурда рӯй ба девори ғарбии хона намози хуфтан мехонданд.

пешина
аз 247
навбатӣ