Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Пас гашта ба роҳрав баромадам ва аз навбатчӣ пурсидам, ки ҳамхонаҳои дирӯзаам ба куҷо рафтанд? Охир онҳо дар ин ҷо боз як ҳафтаи дигар зистанӣ буданд-ку?
Маълум шуд, ки бо фармони касе ҳоҷиҳоро аз дигарон, яъне аз номусулмонон, ҷудо карда, дар 5-6 хона якҷоя карданд. Ин тадбир барои намозхонӣ ва хӯроку хуфту хоби онҳо шароити соз фароҳам меовардааст.
Ҳамхонаҳои навам ҳанӯз рӯи ҷойнамоз нишаста, тасбеҳ мегардониданд. Оҳиста ба як гӯшаи кати худ нишастам. Аз тиреза биноҳои баланди проспекти Сулҳ менамуданд. Лавҳаи неонии кинотеатри навбунёди «Космос» дар ҳавои софу серуни баҳорон чун ёқути сабз медурахшид. Аз он лавҳа чашм кандан душвор буд: ҳарфҳои калон-калони ба як паҳлу хамида бо ҷило ва ларзиши саҳл аёни худ диққати касро хоҳу нохоҳ ҷалб мекарданд.
Аз тиреза рӯй тофта, ба шифти хона нигоҳ кардам. Аммо бо ин ҳам нашуд. Акнун гӯё пичирроси исроркоронаи ҳарфҳо ба гӯшам медаромад, ки «космос…космос» гӯён мағзи маро қитиқ мекард, хаёламро ба ким-куҷоҳо мебурд.
Ҳамхонаҳо ҷойнамозро ғундошта бархостанд ва ман тозон рафта, пардаро ба рӯи тиреза пӯшидам…
Бомдодон овози Темурҷонқорӣ маро бедор кард. Вай қуръон тиловат мекард. Дар паҳлуяш Оллоҳназарқорӣ ба зону нишаста, ба зарби қироат калла меҷунбонид ва пичирпичир мекард.
Темурҷонқорӣ ҷавони хушрӯй, хушқаду баст ва тануманди 23-сола аст. Вай дар курси нуҳуми мадрасаи Мири Араб мехонад. Ҳо, маҳз ҳамон мадрасаи динии Мири Араби Бухоро, ки Садриддин Айнии мо дар охири асри гузашта хатм кардааст. Темурҷон ҳанӯз ду сол муқаддам қорӣ шуда буд, яъне қуръонро аз ёд хонда метавонистагӣ шуд. Имсол, баъд аз ҳаҷ таҳсилро ба поён расонида, ба ягон вазифа таъйин хоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё