Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Лутфу марҳамати ту дар ҳақиқат поён надоштааст.
Аҷаб коре кардам, ки ба ин сафар баромадам. Дар ватан ҳоло ид. Намоиши идона тамом шуд. Одамон байрақу шиору транспарантҳошонро ба мошинҳо бор карда, хандаву бозикунон ба хонаҳои худ ё ҳамдигар ба шабнишинӣ мераванд.
Ҳамкасабаҳои ман ҳар сол дар ин рӯз баъди намоиш бо оилаҳои худ ба саҳро мебароянд. Дар ягон ҷои хушманзараи дараи Варзоб ё соҳили Кофарниҳон палос партофта, то бевақтии шаб суҳбат ва дилхушӣ мекунанд. Искандар гуфта буд, ки дар охирҳои апрел ба Душанбе рафта, идро ҳамроҳи бачаву качаҳояш мегузаронад. Агар рафта бошад, ҳозир қадаҳ дар даст ҷоғ зада истодагист: « Хомӯш, бачаҳо! Медонед, ин қадаҳро барои чӣ менӯшем?»… Ман ки нестам, палавро ягон нӯноқи бедаступо пухта, таки ошро ду ангушт манқал кардагист…
Шикам аз гуруснагӣ, чуноне мегӯянд, танбӯр менавозад.
Дар ҷомадон қанд ва кулчаҳои ғилдирак дорам. Аммо ҷомадон дар боми сайёра. Нон дар нондон, калидаш дар осмон.
Аз дур манораҳои шаҳр намоён шуд. Ба остонаи Маккаи мукаррама расидем. Ба остонаи шаҳре расидем, ки асрҳои аср лакидарлак мусулмонон орзуи тӯтиё кардани хоки онро дар дил мепарвариданд, вале ин шарафи нодира фақат насиби якта-нимта давлатмандон ё шахсоне мегардид, ки дар матонат ва суботкорӣ ба худ кам андар кам ҳамто доштанд.
Ҳайҳот! Дидори макони Худованд, аз афти кор, ба осонӣ муяссар нахоҳад шуд. Кӯчаҳои Маккаи мукаррама аз сайёраҳо, ҳоҷиёни пиёдаву харсавор ва ғайра чунон пур шудааст, ки гӯё касе бо қасди кӯчаҳоро тамба задан бо домони бузурге ба сари ин манзил мусулмони рӯи оламро оварда рехта бошад.
Касе намедонад, ки роҳ куҷосту пайраҳа кадом аст. Ҳама ҷо пури одам. Пиру ҷавон, марду зан, пиёдаву савора ба маркази шаҳр, ки зиёратгоҳ ва меҳмонхонаҳо дар он ҷо воқеанд, худро зада, бо сару синаву китфу бозу роҳ мекушоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё