Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Бегоҳӣ фаҳмидем, ки Қориака аз номи ҳоҷиён ба шоҳи Арабистон Аълоҳазрат ибн Сауд барқия (телеграмма) фиристода, аҳволи моро баён кардаанд. Гуфтаанд, ки як гурӯҳ мусулмонони Иттифоқи Советӣ дар ними роҳ эҳром ба тан, ташна ба зиёрати ватани азизи пайғамбар мунтазири тайёра нишастаанд. Аълоҳазрати ҳумоюн, дасти ёрӣ ба сӯи мо дароз кунед.
Ба ғуруби офтоб каме монда буд, ки фотоаппаратро бароварда сурати қурси офтобро гирифтам. Лекин худам намедонам, ки бараои чӣ. Гоҳе аввал ягон кореро мекунеду баъд андеша.
Дар ин диёр ҳаво зуд торик мешудааст. Дар кишвари кӯҳистони мо пеш аз тулӯъ ва баъди ғуруби хуршед камаш як соат ҳаво равшан аст. Душанберо пазмон шудам. Боғчаи озодаи институти тиббӣ, биноҳои ғарқи ниҳолони сарсабзи шаҳрчаи тиббӣ ҳар замон пеши назарам меоянд. Оби шӯху кафколудаи наҳри Душанберо гӯё баръалоина мебинам.
Тахмин дусад метр болотар аз мо киштие омада, ба соҳил ҷафс шуд. Дар атроф ғалмағале барпост. Дар саҳни поён чанд мотори электр кор карда, ба меҳмонхона об мебарорад. Малахҳои бисёр дар байни алафзори соҳил руст шуда, бефосила чиррос мезананд. Дар ҳар ҳуҷра дутогӣ вентилятор ғурросзанон давр мезанад ва ҳавои гарми хонаро пеш карда, аз берун ҳавои тоза мекашад. Вале, ҳайҳот, ҳавои берун заррае сернуртар нест. Нафас мекашеду гумон мекунед, ки ҳаворо не, атолаи ширгарми симоб барин вазнину ғафсеро ба дарун мекашед.
Дар Арабистон ҳоламон чӣ мешуда бошад? Агар ҳикояҳои Ҳоҷӣ Абдухалилака рост бошанд, дар регистони тафсони биёбони араб аз имтиҳони ҷаҳаннам хоҳем гузашт.
… Рӯзи дуюми ҳабси ихтиёрии мо даррасид. Ҳама сиҳат саломатанд. Фақат дар пешонаи куҳансолтарин ҳамсафарони мо – қорӣ Мушарраф пуччаке баромадааст. Ҳамроҳи худ маҳлули гипертоникӣ нагирифтаам.

пешина
аз 247
навбатӣ