Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Воқеан, чаро ман мулло Исрофилро таъна мекунам?
Кайҳо маълум аст, ки агар аз таърихи дин ва маросимҳои динӣ касе камтар аз ҳама огоҳ бошад, пас он ҳам фақат ходими дин аст, ки аз китобҳои илмии таърих чун борут аз оташ ҳазар мекунад.
Ба мулло Исрофил ақидаи ба гуфти ӯ мухолифро баён кардан ҳам намешавад. Меранҷад. Ҳоло касеро озор додан манъ аст. Пули беҳуда надорам, ки сухани ҳақро гуфта, ба ивази ҳар як ҷумлаи он яктоӣ гӯсфанд ҷарима диҳам.
Бе ҳамдаму надим мондан рӯзи сахт будааст. Аммо дар олам муаммое нест, ки илоҷи ҳаллаш ёфт нашавад? Парерӯз баъди он ки Оллоҳназарқорӣ ба ман сурудхониро манъ карда рафт, бо Искандар суҳбат кардам. Бале, ғоибона бошад ҳам, суҳбат кардам.
– Ин ҷо биё, азизам, – гуфтам ба Искандар.
– Чӣ мегӯӣ? – аввал овозаш ба гӯшам расид ва амин ки чашмонамро пӯшидам, худаш ҳам дар наздам ҳозир шуд.
– Маро сурудхонӣ намемонанд. Чӣ кор кунам?
– Чӣ кор мекардӣ? Тоқат кун, одамон як моҳу 19 рӯз дар уқёнуси бепоён ба гуруснагиву ташнагӣ тоқат карда буданд.
– Ту чиҳо гуфта истодаӣ?
– Зиганшину Поплавскийро гуфта истодаам. Фаромӯш кардӣ? Масъалаи суруд назар ба ин хеле, хеле саҳл аст. Ҳеҷ нашавад, дар дилат саро.
– Сафсата нагӯй. Дар дил суруда намешавад. «Сер чӣ парвои гурусна дорад». Ту маро ба бало гирифтор кардӣ, худат кайф карда гаштаӣ.
– Ба кадом бало?
– Ҳамин сафар-дия. Агар ҳамон рӯз маро ба Вазорати тандурустӣ кашола карда намебурдӣ, то алҳол намешинохтандам ва ба ин гуна сафарҳо тавсия ҳам намекарданд.
– Воҳима накун, ба сарат санги осиёб нагаштааст.
– Ба ту гап задан осон. Эҳтимол худат ҳозир шиматро то зону барзада, лаб-лаби ягон наҳр шасту қалмоқ бардошта гашта…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё