Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Аз ҳама гуна дорувор кам-кам гиред ҳам, охир, як вагон мешавад. Марҳаме сохта молидам ва аз болояш латтаи часпак часпонидам.
Лекин дар назди худам ду муаммои мушкил пайдо шудааст, ки пагоҳи инҷониб ором намемонад. Яктааш – муаммои дандоншӯяк. Солҳои сол аст, ки аз ордаки дандоншӯяк истифода мебарам. Ҳоло эҳром бастаам. Ба шахси эҳромдор нохун гирифтан, риш ё мӯйсар тарошидан, собун задан мумкин нест.
Аммо дар хусуси дандоншӯяк касе аз уламо чизе нагуфт.
Дар маъхазҳои динӣ ҳам аз ин нукта ҳарфе гуфта нашудааст.
Исрофилро ҷеғ зада, аз ӯ савол кардам. Дақиқае сарашро таънаомез ҷунбонида истода, гуфт:
– Нағз не, ҷӯраҷон, ин тавр накун.
– Чӣ нағз не? Чӣ тавр накунам? – ҳайрон шудам ман.
– Ту сафари муборакамонро бояду шояд эҳтиром намекунӣ.
Табъи Исрофил аз чӣ сабабе хира менамуд. Ӯ баъди ҳамон шаби касал шуда, алоӣ гуфтанаш хеле тағйир ёфта буд.
Маҷбур шудам, ки ҳамаи санъати суханпардозиамро ба кор андохта, ҷиддияти саволи худро ба ӯ фаҳмонам. Ниҳоят, ноиб-ур-раисамон гуфт, ки дандоншӯякро ба кунҷи ҷомадонат партофта мон.
Худамро коҳиш мекардам, ки беҷо ба ӯ ин саволро додам.
Агар аз рӯи мантиқи қоидаҳои ҳаҷ фикр мекардам, ҷавобро худам ҳам пайдо мекардам. Рост-дия, модоме ки собун задан, нохун гирифтан, риш тарошидан мумкин набошад, тозагии дандону даҳон ба кӣ лозим? Ҳар қадар бештар ба чирку қарқ оғӯшта шавед, ҳамон қадар хуб аст, яъне ба худои таоло ҳамон қадар равшантар аён мешавад, ки шумо ҳатто ҷисму ҷони худро фаромӯш кардаед ва дар каллаатон фақат фикру зикри худованд асту расули барҳаққи ӯ.
Лекин, аз рӯи инсоф гӯем, гуноҳи ман ҳам чандон азим нест. Пешакӣ як аниқ кунам гуфтам-дия. Ҳазрати ибн Ҳанбал, масалан, қабл аз он ки тарбуз хӯранд, чанд рӯз ҳадиси пайғамбарро варақ зада, аз уламои дигари олам пурсуҷӯ карда, фаҳмиданӣ шудаанд, ки оё Муҳаммад мустафо саллаллоҳу алайҳи вассалам дар вақташ тарбуз тановул карда буданд ё на.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё