Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аммо озодагии боғ ҷолиби диққат буд, хусусан, ки ин боғи ҳайвонот буд. Ҳанӯз ҳангоми мулоқот сафирамон гуфта буд, ки дар Судон бо вуҷуди сафедпӯш будани аксарияти аҳолиаш касеро бубинед, ки гиребонаш чиркин ё ягон ҷои қабояш доғдор аст, бидонед, ки ӯ судонӣ нест, мусофир аст.
Сафир рост гуфта буд. Ман на дар меҳмонхона, на дар кӯчаҳо, ҳатто дар боғи ҳайвонот магасеро надидам. Ҳоҷати гап нест, ки чунин ҳолат ба ходими тиб то чӣ андоза гуворо аст.
Пешинӣ, баъди суратгирӣ дар саҳни меҳмонхона менишастем, ки маъмури он ба назди мо омада, аҳволпурсӣ кард.
Қориака ба ӯ аз ризояти аҳли гурӯҳ хабар дода, илова карданд, ки ба мо ва хусусан ба духтури мо набудани магас маъқул афтодааст.
– Не, не, – бо ҳарорат эътироз намуд маъмур. – Магас ҳанӯз бисёр аст: худи ҳозир дар зали калони таомхӯрӣ як магасро дидем, ки ба дошта гирифтанаш қариб як соат вақти чаҳор кас сарф шуд.
Бо Исрофил ба кофтукови дукони наздиктари китобфурӯшӣ рафтем. Ба ман ягон хел дафтарча ё блокнот лозим буд. Дафтару қалами дина дукондори араб ҳадякардаро кассирамон Ҳоҷӣ Абдухалилака дида, хеле таъриф кард ва маро ба ҷуз туҳфа кардани он дигар илоҷе намонда буд.
Дукони китобфурӯшӣ гӯшаи дури музей барин бекасу сокит буд. Вай ғайр аз як канораш, ки дар он ҷо ашёи мактабӣ ва авторучкаҳои ҳаррангаи гаронбаҳо мефурӯшанд, аз остона то пешгоҳаш пур аз комиксҳо ва дигар китобҳои ба ҳамин монанд буд, ки онро дар мамлакати мо адабиёти булварӣ меноманд.
Ҳатто аз унвон ва расмҳои рӯи муқова маълум шуда меистод, ки дар ин китобҳо ғайр аз тасвири кушокушӣ, рақобати хунин барои мерос ё маъшуқа, барои пешдастӣ дар ғорати фалон миллионер дигар чизе пайдо кардан мушкил аст.
Мо ним соат рафҳо ва лавҳаҳои магазинро тамошо кардем ва ҳамин қадар дар таки дари он истодем, вале дар ҳамаи ин муддат харидореро надидем.

пешина
аз 247
навбатӣ