Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Дар дилам ба ноширони ин адабиёт қоил шудам, ки бо вуҷуди он ки дар як мамлакати дури араб чандпула обрӯй доштани китобҳои дардисаровари худро медонанд, онро бо чунин як исроркорӣ ва матонати шоистаи кори судманд паҳн карданӣ мешаванд.
Исрофил намози шом қазо нашавад гуфта, дилашро мехӯрд ва мо дав-давон ба манзили дарёии худ баргаштем.
Дигарон ҳам дар ин ду соат шаҳрро сайр карда омадаанд.
Мулло Абдурозиқҷонака дар саҳни киштии дуюм, ки ҷои анъанавии ҷамъомадҳои мо шуда буд, хариди худро намоиш медод. Вай якта эзори сафеди америкоӣ харидааст.
– Куҷои ин эзор ба шумо маъқул шуд? – тоқат карда натавониста пурсидам.
– Э, духтурҷон, шумо ғалатӣ-ку! Ба нифааш як зеҳн монед, ба нифааш.
Ба нифаи эзор ду қабат резинкаро болову поён чин-чин карда дӯхта буданд. Лекин ба хотири чини хушнамои нифа барои аз як мамлакат ба мамлакати дигар эзор харида бурдан завқи фавқулода ғалатӣ доштан лозим.
Ба ҳар ҳол ҳамсафари мо чизи нав харида буд ва шарти одоб тақозо менамуд, ки табрикаш кунем:
– Эзор муборак!
Аз ҳоли ҳазрати Наримон хабар гирифта, ба ҳуҷраи худ рафтам. Аммо то соатҳои 10-11 шаб, то тамом бартараф шудани тафси бом дар ҳуҷра истодан азоби нақд аст.
Китобе надорам, ки бихонам. Зотан, ба шахси ба ҳаҷраванда ғайр аз китобҳои динӣ чизи дигар хондан мумкин нест.
Сароидан мумкин нест.
Хандидан мумкин нест.
Латифа ё ҳикояте гуфтану шунидан мумкин нест.
Эҳтимол, радио шунидан манъ набошад. Дар думи киштии мо сартарошхонаи ҳотел ҷой гирифтааст. Сартарош дар он ҷо ҳам кор мекунад, ҳам иқомат дорад. Ба назди ӯ меравам, радиоприёмники хурдаки дастӣ дорад. Вай марди нарммуомила аст ва мисли ҳамаи ҳамкасабаҳояш ба суҳбат мароқи калон дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё