Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Бас аст! То кай бо шаклу шамоили дуппа-дуруст дар лойхонаи худатон кофтагӣ беҳуда даступо мезанед ва ҳол он ки даст ёзонед онро ҳазорон хайрхоҳони шумо бо шодмонӣ мегиранд?!»
Гумон доштам, ки дар сафари ҳаҷ бе таъсири муҳит дилам ба меҳри Парвардигор моил нашавад ҳам, ба онҳое ки ӯро мепарастанд, аз пешина нармтар хоҳад шуд. Ҳайҳот! Баръакси чашмдоштам шуда истодааст. Акнун ҳар дафъа маро зӯру кӯшиши фавқулодае лозим меояд, ки худро даст бигирам, аз додгӯён ба ҳамсафарон муроҷиат кардан худро боздорам.
Ҳозир ҳам сухани ҷӯраи навамро бо овози баланд тас диқ карда, фикри худро дар дилам изҳор мекунам. Ҳм, сафари муборак ба ман риё парварад, аҷиб мешавад-ку. Аммо тадбири дигар нест, ман наметавонам, ки ақидаамро ба мулло Исрофил ошкор гуфта, ин ягона ҳамдаму ҳамсуҳбати мусофириамро низ аз худ дур созам.
Қариби намози аср дигар аён гардид, ки имрӯз ҳам тайёра намешавад.
Қориака дилтанг шуда, ба сафоратхонаи худамон рафтанд.
Акнун соате дар гирду атроф давр задан мумкин. Исрофил намоз хонда омад ва мо ҳамроҳ ба тамошои боғи ҳайвонот рафтем, ки дар паси Гранд Ҳотел воқеъ гаштааст. Дар ин боғ низ ҳамон ҷонвароне буданд, ки дар боғҳои ҳайвоноти худамон дидаем.Вале ба назари ман онҳо чандон аҷоиб наменамуданд, зеро лаҳзае фаромӯш карда наметавонистам, ки каркадан ва тимсоҳҳои бузург, зарофа ва парандаҳои садранга гарчи дар боғи ҳайвонот истиқомат доранд, дар ватани худ мебошанд. Аз Хартум баромада, чанд фарсах ба ҷануб ё ғарб биравед, дар кӯлу дарё, дашту ҷангалҳои кишвар ҳамаи ин ҷонваронро мебинед. Албатта, ба шарте ки майли дидан дошта бошед, вагарна орзуи рӯ ба рӯ шудан бо тимсоҳ ё каркадан дар дили на ҳар кас ҷӯш мезадагист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё