Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ҳангоме ки ба лифт савор шуда поён мерафтем, аз Искандар пурсидам:
– Ин «кашфиётро» дар бораи хуни тозаву нотоза аз кадом аҷоибхона ёфтӣ?
– Ҳазрати табиат калларо ба умеде ато кардааст, ки онро гоҳ-гоҳе кор фармоӣ, – гуфт ӯ.
Бо анъанаи ба рӯи миз поймонӣ ана дар ҳамин ҷо шинос шуда будам. Ҳоло дар меҳмонхонаи Хартум ин мардак ҳам кӣ ва куҷоӣ будани худро ба ин тарзи аҷоиб ба ҳама маълум карда менишаст ва банда аз ҳуқуқи маънавии дахолат кардан ё ақаллан чизе гуфтан маҳрум будам.
Ҳамсафарон дар пешсаҳни киштии дувум ҷамъ шуда аз ину он суҳбат мекарданд. ман аз маврид истифода бурда, ба онҳо бори дигар гуфтам, ки зинҳор оби ноҷӯшида ё яхоб нанӯшанд, меваҳои ношуста нахӯранд. Таъйиноти духтурро бо сукути ризомандона шуниданд ва ба аломати қабул сар ҷунбониданд.
– Шумо ба сайри шаҳр нарафтед? – пурсид яке аз аҳли суҳбат.
Дар ҷавоб чизе нагуфтам, зеро агар мегуфтам, ҷавоби чандон форам намебаромад.
– Аз ҷамоа ҷудо шудан хуб нест, – насиҳат кард дуюмӣ.
Дигар тоқат кардан душвор буд ва банда гуфтам, ки дарвоқеъ на ман ҷамоаро, балки ҷамоаи шариф маро танҳо гузошта рафта буд.
Дар ин асно Оллоҳназарқорӣ ҳалпанг-талпанг омада, ҳанӯз ба давра нарасида хабар дод:
– Медонед, гармо дар ин ҷо чӣ қадар аст? 102 дараҷа!
Аз ҳар тараф нидоҳои тааҷҷуб ва ташвишомез баланд шуданд:
– Наход?
– Не-е, камтар будагист-е?
– Қорӣ, худатон дидед, ё ягон кас гуфт?
– Ё наузанбиллоҳ, наход кас дар остони ҳаҷ истода дурӯғ гӯяд-а? Худам дидам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё