Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

тааҷҷубкунон лаҳзае чинҳои пешонаашро ба боло ронда, вазъияти тани худро тағйир надода, ба ҳайати Искандар нигоҳ карда истод, баъд гӯё ногаҳон чизе ба ёдаш расида бошад, лабханде карду хитоб намуд:
– О кей доктор! Марҳамат, бинишинед. Аз суҳбати докторон ҳамеша хушам меояд.
– Ташаккур. Шумо хеле меҳрубон ва илтифоткоред, – ба суханороӣ даромад ҷӯраи ман. – Афсӯс, ки фурсат надорам ва ба ҷаноби шумо, агар малоли хотир нашавад, як маслиҳат медодам.
Ман аз каноре гуфтугӯи ин ду нафарро бо изтироб гӯш карда меистодам. Меҳмон, бешубҳа, аз нияти рафиқи ман пай бурда буд, ки мехост ба ӯ мулоим карда бифаҳмонад, ки пояшро аз болои миз бардорад. Ин ҷо галаҷазираи Филиппин ё меҳмонхонаи Чомбе нест. Аммо мардак бо вуҷуди ин вазъи худро тағйир надода, рост ба чашмони рафиқам писхандомез нигоҳ карда меистод. Дилам дар хавотир буд, ки ҷӯраам дар ин мунозираи зоҳиран баодобонаю ботинан тезутунд мулзам нашавад.
– Балки, – суханашро давом дод Искандар, – ба маслиҳати ман ҳоҷат нест ва худи ҷаноб нағз медонанд: ҷисми одам тавре сохта шудааст, ки ҳар кадом аъзояш дар баландӣ бошад, қисми тозаи хун аввал ба ҳамон ҷо меравад. Ана ҳозир шумо, ки ба ин тарзи номуътадил истироҳат мекунед, хуни тоза ба поятон рафта истодааст, яъне, ҳуҷайраҳои поятон аз ҳуҷайраҳои саратон хубтар кор карда истодаанд.
Ифодаи ҳавобаландонаи тамасхуромез аз чеҳраи меҳмон дар як он парид. Сару рӯяш то буни гарданаш суп-сурх шуда рафт, вале ӯ, аз афти кор, дарҳол худро ба даст гирифта, қоҳқоҳ хандид ва пояшро аз рӯи миз фаровард. Сонӣ ҳамчунон хандакунон аз ҷояш бархост ва ба китфи Искандар тап-тап зада гуфт, ки доктор балоча будааст, бурд азони ӯст. Сипас коғазчаеро аз киса бароварда, рақами хонаашро навишта ба Искандар дод ва ӯро ба меҳмонӣ даъват кард. Ҳар ду «О, кей» ва «Олл райт» гӯён аз ҳам ҷудо шуданд.

пешина
аз 247
навбатӣ