Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ба ҳоҷиёни беруна ҳамчун ба саҳроиёни гӯлу гумроҳ беэътиноёна нигоҳ мекунанд. Ба ин гуна муомила тоқат овардан мумкин, аммо саволҳои бемаънои буҳтонмезашон ҳар навъ косаи сабрро ҳам лабрез мекунанд:
– Чаро шуморо маҷбур мекунанд, ки гӯшти хук хӯред?
– Чаро кас агар каллапӯши айвончадор напӯшад, ба кор қабул намекунанд?
Ва ҳоказо.
То ҷавоб дода, ҳақиқатро ба мийяи пурсанда ҷой мекунед, ки хуни ҷигар мешавед.
Баъзе пурсандаҳо баинсофтаранд. Аз саволи туҳматомез ба ҳаяҷон омада гап заданатонро дида, аз кори худ пушаймон мешаванд ва сулҳҷӯёна узрхоҳӣ карда, аз дилатон бароварданӣ мешаванд. Дина як баққол пурсид, ки чаро дар СССР динро манъ кардаанд. Расо ним соат ҷоғ зада фаҳмонидам, ки манъ накардаанд, ҳар кас хоҳад ба масҷид меравад, хоҳад дар хонааш тоату ибодат мекунад. Динҳои мусулмонӣ, насронӣ, яҳудӣ, буддоӣ ҳама баробар озоданд ва ҳар кадом ба сари худ вуҷуд дорад. Баққол мутаассирона гӯш карда истоду дар анҷоми суҳбат сарашро ба қаҳр ҷунбонида хитоб кард:
– Амрико хабис!
Ду рӯз боз ҳис мекунам, ки дар Мадинаи мунаввара аз паси аъзоёни гурӯҳи мо чанд кас назорат карда мегардад. Шояд дар Маккаи мукаррама ва Тоифи муборак ҳам назорат мекарданд, вале камина пай намебурдам. Як кас ҳанӯз дар Макка гуфта буд ки ҳар сол баъди ҳаҷ ва ба ватан баргаштани ҳоҷиён ҳукуматдорон ҳар шахсеро ки бо ҳоҷиёни мо ақаллан як бор ҳамсуҳбат шудааст, чанд маротибагӣ ба идораҳои худ ҷеғ зада, истинтоқ мекунанд: «Ту чӣ гуфтӣ?», «Вай чӣ гуфт?»
– гӯён пурсуков мекунанд. Баъзеҳоро, то се-чор моҳ ба ин сӯву он сӯ кашола карда, овора менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё