Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ВАЪДА БА ФАРДО

Пагоҳии 13 май вакилони мо ҳамроҳи Маҳмуд Султон ба идоратулҳаҷ рафтанд, ки барои сафари Ҷаддаи муборака иҷозат бигиранд. Вале иҷозат набудааст. Сабабашро ҳам нагуфтаанд. Ваъда ба фардо додаанд.
Акнун ба ҷуз соатшуморӣ дигар коре нест.
Чоштгоҳ ҳоҷӣ Иброҳим омад. Як ҳамшаҳриашро ки дукони китобфурӯшӣ доштааст, ба назди Мулло Тешабой овард.
Китобфурӯш барои хешовандонаш савғотӣ овардааст: як қуттичаи пур аз дастпона, ангуштарин, бозубанди нуқра ва марҷон. Вай аз Мулло Тешабой илтимос мекард, ки ин чизро ба ватан бурда ба Ленинобод ба хеши ӯ бирасонад. Баъд ҳар ду дар бораи ҳусну кубҳи нашрҳои чопӣ ва дастнависҳои гуногуни Қуръони маҷид суҳбат сар карданд. Ману ҳоҷӣ Иброҳим ба чойхонаи назди ҳавлӣ баромада, соате чой нӯшида нишастем. Пирамард бағоят камгап бошад ҳам, бароям беҳтарини ҳамсуҳбатон буд, ки дар ин кишвар дучор кардаам: ӯ ягона касе буд, ки меҳри ба ватан доштаашро, пушаймонии худро аз ғарибии ихтиёркардааш пинҳон намедошт; дар бораи ватани собиқи худ бадгӯӣ намекард. Равшан буд, ки ба ивази хатои содиркардааш аз он ки мувофиқи адлу инсоф ҷазо медиҳанд, сад маротиба зиёдтар азоб кашидааст.
… Дар хонаи сақфбаланди деворҳояш аз дуд ва гузашти замон сиёҳшуда, ки рӯзона ҳам гӯр барин торик аст, танҳо менишинам. Дар Судон ба сайри кӯча баромада, бо мардуми ношинос, вале кушодарӯю меҳрубони он ҷо ҳамсуҳбат шудан ба кас нашъае мебахшид. Дар ин ҷо ба кӯча бароед, ғуссамаргатон мекунанд. Ба мусофирон нописандона муносибат мекунанд. Зоҳиран, ҳамеша дар ёд доранд, ки шашяки аҳли дунё мусулмон аст, Маккаву Мадинаи онҳо маркази олами ислом ва худашон пояҳои он мебошанд.

пешина
аз 247
навбатӣ