Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

нанд. Барои ҳамин ҳам дар ин ҷо дар водии мубораки Мино дар се ҷой ҳайкали шайтони лаинро сохта мондаанд, то ки мусулмонон ҳар сол як бор ҷамъ шуда, се рӯз интиқоми Халилуллоҳ ва писари он ҳазратро биситонанд.
Муаррихон мегӯянд, ки одати сангпартоӣ ба шайтон беҳуда расм нашудааст. Ин анъана ҳанӯз дар ҷамъияти ибтидоии инсон буд. Он вақтҳо шайтону деву ҷинро бо сангу кулӯх, ҳатто ба саргин зада пеш мекардаанд. Чунончи, зани араб баъди вафоти шавҳараш як сол азо медошт, яъне одати ифтидодро бар ҷо меовард. Пас аз як сол аз таги дари хонааш истода ба самти офтобфаро саргин меғурронид. Бале, он вақтҳо охир китоб набуд, илм набуд, бевазани бечора гумон мекард, ки дар гирди чайлааш арвоҳи шавҳар ҳанӯз парвоз карда гаштааст ва ӯро рондан лозим, то ки ба шавҳари нав ё худи ӯ офате нарасонад.
Камина шодам, ки бо мурури замон мо, одамон, баъзе урфу одатҳои куҳнаро ба ҳар ҳол фаромӯш мекунем. Як вақтҳо дар қабилаҳои қадимӣ барои ҷавонони наврас имтиҳони балоғат гуфтанӣ одат буд. Ҷавони наврасро аввал хатна мекарданд, баъд се-чор адад дандонашро зада мешикастанд, то бифаҳманд, ки марди болиғ шудааст ё не, ба дарди ҷонкоҳ мардона тоқат карда метавонад ё не.
Мо, мусулмонон, ва яҳудиён ба одати хатна маҳкам часпида, онро то алҳол эҳтиёт карда омадем. Лекин одати дандоншиканӣ, худоро шукр, фаромӯш шуда рафт. Уҳ, ӯҳ, тасаввур кунед, ки он оин ҳоло ҳам зинда ва барқарор бошад.
Шояд духтурҳо ва техникҳои дандон аз мурда рафтани он одат маъюс бошанд. Аммо банда ҳаргиз хафа нестам.
… Исрофил тасбеҳи саддонаашаро гардонида, ба сари синааш чашм дӯхта сокитона роҳ мерафт. Аз ӯ пурсидам, ки чаро ба ду ҳайкали аввали иблис санг партофта, ба савумаш кордор нашуд. Ҷавоб надод. Саволамро, аз афташ нашунид, гуфта дубора пурсидам.

пешина
аз 247
навбатӣ