Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Пас ӯро барои мо қурбон мекунӣ.
– Ба ҷону дил, ин хизмат аз мо бошад, – гуфтанд ҳазрат ва зуд Исмоили дувоздаҳсоларо пайдо карда, ба водии Мино, маҳз ба ана ҳамон ҷое ки ҳоло хандақҳои бузургро аз гӯшти чорво пур карда истодаанд, кашола карданд.
Ҳазрати ҷавон аз нияти падар воқиф гашта, бениҳоят хурсанд шуданд. Магар ин бахти каму андак аст, ки ҷавони наврасро падараш ба роҳи худованди карим сар мезанад?
Лекин шайтони бекафшу маҳсӣ аз куҷое пайдо шуда омаду ба сурати одам даромада, ҳазрати ҷавонро аз роҳ заданӣ шуд.
– Дада, – гуфтанд ҳазрати ҷавон ба Халилуллоҳ, – ана ин мардака бинед, ба ман «аҳмақӣ накун, зудтар гурез аз ин ҷо, набошад муфт мурда меравӣ» гуфта истодааст.
– Гӯш накун, – насиҳат карданд Халилуллоҳ.
Аммо шайтон шайтониашро мекард. Ӯ дар се ҷой се маротиба пайдо шуда, ҳазрати Исмоилро аз роҳ бароварданӣ шуд.
Ҳазрати ҷавон иблисро бо санг зада пеш мекарданд.
Оқибат Халилуллоҳ писарашро ба майдоне оварда, хобониданд ва кордро ба гулӯяш ронданд. Корд набурид. Чунки дар ин вақт ҳазрати Ҷабраил номаълум омада ва ба дами корд бо қаноти худ зада, онро аллакай кунд карда буданд. Халилуллоҳ се бор корд ронданд, на бурид, охир оташин шуда, онро ба замин бардошта заданд.
– Ту мегӯӣ ки бибур. Худо мегӯяд, ки набур! – дар хашм шуда гуфт корд. Аз хашм қариб монда буд, ки корди бечора дод занад: «Каллаи маро гаранг кардед-ку!» Аммо аз мақоми баланди ҳар ду фармондеҳ андеша карда, ғазаби худро фурӯ
1 нишонид.
Ана барои ҳамин ҳоло қассобони мусулмон ҷонвареро куштанӣ шаванд, аввал кордро бо гулуи он се бор молида мегиранд, фақат баъди ин дами кордро дурусттар пахш меку-

1 Хонандаи муҳтарам гумон мекунад, ки корди сухандон меваи хаёлоти духтур аст. Не. Ин воқеа дар асари олими машҳури асри XlV ислом ҳазрати Рабғозӣ «Қисас-ул-анбиё» айнан ҳамин тавр баён шудааст.

пешина
аз 247
навбатӣ