Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Ҳозир аз ман ҳеҷ чиз напурс, азизам, – маҳзунона гуфт Исрофил узрхоҳона ба рӯям чашм дӯхта.
Ночор то манзили навамон, ки дар доманаи кӯҳ воқеъ гашта буд, хомӯш омадем.
Аз хайманишинӣ халос шудем. Як хонаро бо айвонаш барои гурӯҳи мо ҷудо кардаанд. Дар хонаҳои дигари ҳавлӣ низ меҳмонони Зайнӣ Кӯшак мезистанд.
Ҳамсафарон бо мӯйсартарошӣ, ғусл, эҳромкушоӣ ва либоспӯшӣ машғул буданд. Ҳазрати Наримон, аз ҳама пеш тағйири либос карда, ба танаш куртаи дарози арабӣ пӯшида буд.
– Ҷаноби муҳтарам, – баробари маро диданаш наздик омада, аҳволпурсӣ кард ҳазрат ва аз рӯи одат ба нутқ даромад: – Аз ман хавотир нашавед, ҷаноб, аҳволам басо хуб аст. Медонед, ҷаноб, падари ман хоҷа Қаҳрамон то дами вопасинаш аз ҳамин дӯхт курта мепӯшид. Не нагӯед, мепӯшид. Илоҳо, ҷояш ҷаннат шуда бошад, савоби ин курта, ҷаноб, махсус аст. Шумо ҳам якта гиред, ҷаноб. Ҳамагӣ бисту панҷ риёл.
– Раҳмат. Мебинем. Шояд мо ҳам бигирем. Одамизод пешомадашро намедонад.
– Бале, ҷаноб, намедонад. Не нагӯед, намедонад.
Ҳангоми риштарошӣ дар чаккаам чанд тора мӯи сафед дидам, ки пеш набуд. Дар синни сивупанҷсолагӣ як тора ҳам мӯи сафед надоштани ман боиси рашки ҳамсолонам буд. Акнун онҳо ҳам ором мешаванд.
Навбати об ба мо расид ва ману Исрофил ба сари якдигар об рехта, чангу ғубори мубораки Арафотро аз баданҳо дур кардем.
Баргашта либоси одамиёнаи ин дунёро пӯшидан гӯё як мукофоти ногаҳонӣ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё