Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ишриб борид! – дод мегуфт писарча бо овози ҷарангосиаш, вале роҳгузарон ба фарёди ӯ эътибор намедоданд.
– Кукола, персикола, маринда! – номи обҳои мевагиро қатор карда, фарёд мекашид бача.
– Ҳой писар, – бо забони бошқирдиаш ба ӯ хитоб кард Исрофил. Бача нигоҳ кард. – Маҳ як риёл, персикола бидеҳ.
Ҳангоме ки аз дасти бача нимшишаҳои даҳонаш яла кардашударо мегирифт, пурсид:
– Исм?
– Иброҳим! – гуфт писарак бо оҳанге ки гӯё номи худро не, балки сарлашкари машҳур будани падарашро медод.
Исрофил боз савол дод:
– Мактаб?
Писарак китф дарҳам кашида нишон дод, ки нафаҳмидааст.
– Мадраса? Таҳсил? – такрор намуд Исрофил.
Бача боз нафаҳмид. Ҳарчанд ин калимаҳо арабӣ буданд, эътимол талаффузашон чандон бурро набуд. Он гоҳ Исрофил кафи дасташро ба ҳам ҷафс карда, ба китобхонӣ тақлид кард, пас ҳаракати хатнависиро нишон дод.
Писарак мақсадро фаҳмид ва «ло» гуфта, бепарвоёна ҷавоб гардонид ва ҷавоб додан замоно ба кӯча рӯй оварда, аз пештара ҳам баландтар дод гуфт:
– Маринда, маринда, маринда! Ишриб борид!
Зоҳиран, дар майдони назди бозор қурбонӣ дар авҷ буд.
Ҳоҷиёни нодоро ва камбағалони маҳаллӣ аз он тараф гӯсфандҳои кушта ва ҳанӯз пӯстнокандаро кашолаву пушторакунон меомаданд. Аксари одамон сон ё дасти серлаҳми гӯсфандро дар ҳолаате ки аз он ҳанӯз хуноба метаровид, бардошта мебурданд. Баъзеҳо чашмгуруснагӣ карда гӯсфанди бутунро то ними роҳ меоварданд, вале дар офтоби сӯзон ва издиҳоми одамон аз кори худ пушаймон шуда, аз ғанимати бардоштаашон фақат ду сонро бурида мегирифтанд ва боқимондаи онро ба паси ягон дукон, ё худ дар сари роҳ, ё ба таки ягон сайёраи азроҳмонда партофта мерафтанд.

Оби хунук нӯшед!

пешина
аз 247
навбатӣ