Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
ШАЙТОНИ РАҶИМ
Чоштгоҳи калон ба Минои муборак расида, дар айвони бӯрёпӯши яке аз чойхонаҳо дам гирифтем. Сардор гуфтанд, ки духтур ин ҷо монда истироҳат кунанд, дигарон ба бозор рафта, гӯсфанд мехаранд ва оини қурбониро ба ҷо оварда, ба шайтонкӯбӣ мераванд. Қориака яке аз хизматгорони мизбонро хоҳанд фармуд, ки омада гилемкуҳнаро бардорад ва маро ба бошишгоҳи инҷоии Зайнӣ Кӯшак ҳидоят кунад.
Ҳама рафтанд, вале фурсате нагузашта Исрофил пас омад.
– Чаро баргаштӣ?
– Сонитар меравам, – гуфт ӯ рӯй ба дигар сӯй тофта.
Зоҳиран, аз танҳо гузоштанаш маро пушаймон шуда аз роҳ баргаштааст.
– Раҳмат, ҷӯра. Лекин ба маросими қурбонӣ мабодо дер монӣ.
– Не. Дарди поят саҳл ором гирад, ҳамроҳ меравем. Бозори чорво ва ҷои қурбонӣ наздик будааст, аз дур нишон доданд.
Дар кӯча сайёраҳо ҳамчунон ноҷунбон меистоданд. Дар ҳар 20-21 дақиқа қатори онҳо панҷоҳ-шаст қадам ба пеш мехазид ва боз таққӣ меистод. Ронандагон бо ғурриши гӯшкаркунандаи сигналҳо қаноат накарда, сари худро аз дарҳои мошин бароварда, ким-киҳоро, ки гӯё сабабгори банд шудани роҳ гаштаанд, сахт дашном медоданд.
Дар ду тарафи кӯча – қатори дуконҳои муваққатӣ. Дуконҳои ошпазӣ, заргарӣ, баққолӣ, чарчинфурӯшӣ, баззозӣ, саррофӣ, чойхона, обфурӯшӣ дунболу паҳлуи ҳамдигар воқеъ гашта, машғули савдо буданд. Фурӯшандагоне ки қудрати дукон кушодан надоштанд, дар ҷоҳои холии васати дуконҳо чатре бар болои сар бардошта ва бисоташонро ба рӯи коғазе ё матое паҳн карда менишастанд.
Дар паҳлуи мо писарбачаи даҳ-дувоздаҳсолаи араб оби мева мефурӯхт. Дар онсӯтар пирамарде дар кӯзаи мисин, ки болои оташдони сайёр гузошта буд, ҳалвои тар мепухт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё