Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

гал ва биёбонҳои фарох, дар болои кӯҳҳои осмонбӯс асрҳои аср бехабар аз олам ва аз ҳамдигар умр ба сар мебурданд. Акнун муносибат ва муомилоти онҳо аз доираи танги пешина ба арсаи муаззами шаш қитъаи ҷаҳон баромадааст.
Субҳидам ҳамсафарон намози бомдодро аз ҳама пеш хонданд. Хонда шуданду аз домани кӯҳи Муздалифа, аз паси манораи масҷид садои тӯп баромад. Маълум шуд, ки намозро барвақт хонда будаанд. Бори дигар, дар қатори ҳама намоз хондан лозим омад.
Оре, муллоҳои кишвари мо дар риояи расму оини мазҳаб чунон саъю кӯшиш ба кор мебаранд, ки баъзан аз пешқадамтарин тақводорон ҳам пеш мераванд.
Водии Муздалифа ба ҷунбиш омад. Ҳама ҷулу пӯстаки худро бардошта, ба сӯи водии Мино раҳсипор мешуданд. Мо мунтазири автобус менишастем. Саид Зайниддини Кӯшак мувофиқи ваъда мебоист ба мо автобус мефиристод. Ронандаи сайёраи сомалӣ таклиф намуд, ки маро то ба Мино барад. Вале ман розӣ шуда наметавонистам. Бошишгоҳи ҳамсафаронамро дар қароргоҳи бесарунӯки ин қадар мусофирон чӣ гуна пайдо мекунам? Чуноне ки дар Арафот буд, дар водии Мино ҳам кӯчаи муайян, маҳаллаи ному нишондори аниқе нахоҳад буд.
Муздалифа аз одам холӣ шуд. Яке аз нӯкарони Зайнӣ Кӯшак хабар овард, ки автобус намешавад, зеро дар роҳҳои Мино сайёраҳо тамба задаанд ва то гашта пешин илоҷи роҳ рафтани автомобил нахоҳад шуд.
Исрофил аз ҳуқуқи ноиб-ур-раисаш истифода бурда, ҷомадони доруворро ба яке аз қориҳои ҷавон бор кард. Аз куҷое ба ман навдаи хушки хурморо оварда дод, ки асо созам. Сумкаи маро ҳам ба китфи худ партофт ва аз бағалам гирифта, табиби бемаврид лангшударо ба роҳ андохт.

пешина
аз 247
навбатӣ