Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Аз ду тарафи қароргоҳи мо автомобили боркаши Ироқ ва
1 сайёраи сабукрави ёрии таъҷилии Сомалӣ меистод. Пуштамро ба сайёраи сабукрав такя дода, фикр мекардам, ки дар болои санглохи луч бо пои дардманд чӣ гуна бихобам. Хайр, мегуфтам боз худ ба худ, хоб ғалаба кунад, ба рӯи санг бо тани бараҳна ҳам мебарад, ва ҳол он ки ман дар тан як қабат эҳром дорам.
Дасти касе ба мӯи сарам расид. Шофёри сайёраи сабукрав, ки дар боми он мехобид, маро бо имову ишора ба пеши худ таклиф мекард.
Дар даруни мошин ду зани фарбеҳи сомалӣ мехобиданд.
Эҳтимол, эшон аз оилаҳои обрӯманди кишвари худ буданд.
Ман он шабро дар боми сайёра дар паҳлуи шофёри раҳмдили сомалӣ гузаронидам. Пеш аз хоб ӯ аз куҷо будани маро пурсид ва чун «суфитӣ» буданамро фаҳмид, аз боми автомобил фаромада, дар байни мардум ғоиб шуда рафт ва пас аз ним соат ба ман болишти резинӣ, ки бо пуф дам мекунанд ва ним шиша кока-кола овард.
Ту некӣ мекуну дар Даҷла андоз, Ки эзид дар биёбонат диҳад боз.
– гуфтааст шоир.
Ҳамватанони ман дар республикаи Сомалӣ госпиталҳо, иншоотҳои обӣ ва корхонаҳо месозанд. Мардуми сомалӣ ба одамони советӣ барои ёрии беғаразу беминнат, барои дастгирӣ кардани муборизаи онҳо дар роҳи истиқлол ва тараққиёт ҳусни таваҷҷуҳ доранд. Инак, аз эҳсосоти миннатдоронаи онҳо дар ин ҷо, дар биёбони кишвари тамоман дигар камина баҳра мебарам.
Айёми аҷоибест асри бистум. Сокинони дурдасттарин гӯшаҳои дунё ҳам акнун дарк кардаанд, ки тақдири онҳо ба тақдири ҳамаи аҳли олам вобаста аст. Одамон дар қаъри ҷан-
1
Дар паҳлу ё паси аксари автомобилҳои ба Арабистон омада, номи ширкат ё соҳиби хусусии онҳоро бо ранг ё бӯр навишта буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё