Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ба хаёлам ғурунг-ғурунг мекардӣ.
– Дуо мехондам.
– Ҳа-а.
Пас аз дақиқае боз пурсид:
– Чида шудӣ?
– Чидам, вале нашумурдаам.
– Бишумор.
– Кам ё зиёд бошад, намешавад?
– Намешавад.
Сангчаҳоро ба домани эҳром баста, ба роҳ даромадем.
Нисфи шаб водии Муздалифа намоён шуд. Ин ҷо ҳам мисли водии Арафот чароғон буд. Ҳоҷиён дар рӯи палосҳо нишаста, хӯроки ба таъхир афтодаи шомро мехӯрданд ва бо тоату ибодат машғул мешуданд.
Дар даромадгоҳи лагери навамон дар роҳи санглох қалтис по монда, буҷулаки пои чапамро лат додам. Бо азобе худро лангон-лангон ба ҷои интихобкардаи Саид Абдулкарим расонидам.
Аҳволи Мулло Ӯроқака пас аз юриши дуру дароз дар роҳи ноҳамвори торик аз ҳоли ман беҳтар набуд. Вай ки марди фарбеҳ асту ба пиёдагардӣ одат накардааст, дар нимаи роҳ мисли занҳои ҳомилаи рӯзашон бадшуда қадам мемонд.
Лингҳои фарбеҳаш аз совиш пӯст партофта, суп-сурх шудааст.
Ба вай қадре маргансовка додам, ки ба об ҳал карда, ба лингаш молад. Худам аз вазелинҳо марҳаме сохта ба поям бастам.
Якпорагӣ нон тақсим карданд. Ҳар кас ки дар термосаш чой ё об монда буд, нӯшид.
Дарди пои гӯшташ дарида варамкардаам ва ташнагӣ азият медод. Бар болои ин имшаб ҷои хоби дуруст ҳам надоштем.
Ба ҳабдаҳ нафар ҳоҷӣ ва роҳбалад фақат якта шоли камбари куҳна буд. Аз ин хобгоҳ каминаро танҳо ба андозае ки гурбаи начандон калон мегунҷид, ҷой расид. Баъди атрофро дар ҷустуҷӯи оби нӯшоӣ давр зада омаданам, аз ҳамон як каф ҷой ҳам маҳрум шудам.

пешина
аз 247
навбатӣ