Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Хат накашидаам, олими арҷманд, заминро палмос мекунам. Камина бояд аз ин санглох 63 дона сангча бичинам, то ки пагоҳ, фардо ва пасфардо онро ба сари шайтони маълун бизанам.
– Пас чаро сустӣ мекунед? Магар аз ин замини серсанг як каф сангча бардоштан ин қадар душвор аст?
– Донишманди соҳибистеъдоди қабурғаҳо! Чанд рӯз аст, ки камина диққати шуморо ба нозукиҳои просесси ҳаҷ ҷалб мекунам. Маълум мешавад, ки меҳнати банда барабас меравад.
– Умедворам, ки гуноҳи каминаро бубахшед. Номи баланди ҳоҷӣ, агар саҳв накунам, шуморо минбаъд бо омурзиши кӯтоҳиҳои одамон, хусусан рафиқонатон, аз пешина бештар уҳдадор мекунад.
– Чӣ илоҷ? Бахшидам. Пас дониста бошед, ки ба маросими мубораки сангпартоӣ ба шайтон на ҳар гуна санг муносиб аст.
Муҷтаҳидон, яъне заковатмандтарини уламои ислом, инчунин азизон ва авлиёҳои муътабари гузашта ва ҳозира фармудаанд, ки сангча набояд аз нахӯд хурдтар ва аз донаки хурмо калонтар бошад. Бинобар ин коре ки ҳоло камина мекунам, эҳтиёт ва дақиқкории фавқулодаро талаб мекунад. Шод бошед!
– Ба коратон барор мехоҳам. Агар имкон бошад, аз номи рафиқи дурафтодаатон низ якчанд сангчаи иловагӣ бигиред ва фардо ба фарқи сари фитнакори иблис бизанед, ки нороҳатиҳои банда аз васвасаи ӯст.
– Осуда бошед, агар хоҳед, ҳамаи 63 дона сангро барои интиқоми шумо ба каллаи иблис хоҳам зад.
– Муташаккирам. Бори дигар эътимод ҳосил мекунам, ки тухми одамони накукор ҳам дар рӯи олам хеле паҳн шуда будааст…
Исрофил, ки дар паҳлуям хокро бод мекард, ба оринҷам даст расонида, пурсид:
– Ба ман чизе гуфтӣ?
– Не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё