Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ин манзара хаёламро ба ким-куҷоҳо бурд. Дар кадом як китоби таърихи дунёи қадим сурати одами ибтидоии ҳамин гуна нимбараҳнаро дида будам, ки як пои ҳайвони калонеро бо чашмони аз шодӣ дурахшон рӯй-рӯи замин кашола карда мебурд. Кас дар дунёи васеъ гардад, чӣ воқеаҳо, чӣ одат ва анъанаҳоеро намедидааст!
Исрофил бо бари эҳромаш ба сари синаи худ шамол зада менишаст.
– Акнун оҳиста-оҳиста равем мешавад, – гуфтам.
Исрофил ба пушти чойхона гузашта пас аз муддате ба ман асои нав овард. Асои нав дарозу бақувваттар менамуд ва ба он вазни пои лангро беибо партофтан мумкин буд.
Гилемкуҳнаи Зайнӣ Кӯшак ва сумкаву термосҳоро дар пеши чойхоначӣ гузошта, ба сӯи бозор равон шудем. Дар бозори гӯсфанд аз бисёрии мол ва харидор ҳатто барои одами сиҳат роҳ рафтан душвор буд. Исрофил танҳо рафт. Чатрамро ба сар гирифта, дар гӯшае нишастам.
Ҳоҷиён аз бозор гӯсфанд харида, кашолакунон ба ин ҷо, ба майдони қурбонӣ меоварданд. Дар майдон паҳлуи ҳам чанд хандақи дароз ва чуқур кофта шуда буд. Қассобони махсус таъйинкардаи маъмурияти идгоҳ дар лаби хандақҳо рост истода, гӯсфанди ҳоҷиёнро бо навбат қабул карда мегирифтанд ва ба ивази назре ки ба ҳиммати ҳоҷӣ вобаста аст, гӯсфандро сар зада ба як тараф мепартофтанд. Ба ҳар кас гӯшт лозим бошад, аз тӯдаи гӯсфандҳои сарзадашуда ба миқдори дилхоҳаш бардошта мерафт.
Талабгорони гӯшти қурбонӣ дар нимаи аввали рӯз бисёр буданд, аммо ҳоло ҳама сер шуда буданд ва теппаҳои назди қассобон дар андак фурсат баланд мешуд ва онҳо чанд қадам дуртар, ба ҷои холӣ рафта, аз гӯсфандҳои навхарид теппаҳои нав месохтанд.
Ҳамин ки сар то сари замини назди хандақ аз пуштаҳои моли кушта пур мешуд, қассобон ба хандақи дигар мегузаштанд ва он гоҳ чанд булдозери зарди америкоӣ, ки дар каноре моторҳои худро хомӯш накарда, мунтазири кор меистоданд, ба ҳаракат медаромаданд ва аз як лаби хандақ теппаҳои гӯштро ба поён тела дода, аз канори дигараш бар болои он хок мерехтанд.

пешина
аз 247
навбатӣ