Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
ТАБИБИ ЛАНГ
Баъди намози аср радио хомӯш шуд. Соҳибхонаҳо ба хаймағундорӣ, ҳоҷиён ба тараддуди роҳ афтоданд.
Мо акнун то кӯҳи Муздалифа пиёда рафта, шабро дар он ҷо хоҳем гузаронид. Ним соат бо ҳазрати Наримон кашокаш карда, оқибат эшонро розӣ кунонидем, ки ҳамроҳи соҳиби хона мошинсавор бираванд.
– Ҷанобон! – гуфтанд ҳазрат қомати баланди худро рост гирифта ва мӯйлабҳояшонро тоб дода. – Ҷанобони муҳтарам.
Ман барои пиёда рафтан ва соҳиби савоби азим гардидан, шукр оллоҳро, қуввати кофӣ дорам. Не нагӯед, дорам. Лекин мебинам, ки таклифи ҷаноби духтур аз хайрхоҳӣ ва накукорист. Бинобар ин, ҷанобон, қабул мекунам. Не нагӯед, қабул мекунам.
Ҳар се роҳи асфалтпӯши ба ҳам мутавозӣ сохташуда аз қатори мошинҳо ва қитъаҳои байни роҳҳо аз ҳоҷиёни пиёда ва хару уштурсавор пур буд. Вале касе ҳаракат намекард. Ба мо шарҳ доданд, ки сари қофиларо сарбозон нигоҳ дошта истодаанд. Ҳамин ки вақту соати юриши муборак даррасид, тӯпҳо баробар тир холӣ карда, шиллик медиҳанд. Он гоҳ қофила ба ҳаракат хоҳад омад.
Ба сари роҳ баромада, аз дунболи як гурӯҳ ҳоҷиёни ҳиндисимо қарор гирифтем. Исрофил ҳамаро ғун карда, шуморид ва эълон кард, ки як кас намерасад. Яке аз қориҳои пирамон гум шуда буд. Ҷои мулоқотро таъйин карда, муддате ба ҳар сӯ пароканда шуда, қорӣ Мушаррафро ҷустуҷӯ кардем. Дар издиҳоми садҳо ҳазор ҳоҷиёне ки ҳама сарлучанд ва як хел либос пӯшидаанд, каси гумшударо ёфтан осон набудааст. Аммо пирамард ёфт шуд. Бечора аз мӯл истеъмол кардани кабоби имрӯза ба дарди шикам гирифтор шудааст. Ҳамдиёри ман мулло Тешабой ӯро аз паси як бӯчкаи партови зангзада ёфта овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё