Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ба дарди шикам, воқеан, нисфи гурӯҳ гирифтор шуда буд ва банда ҳар замон сумкаро кушода, ба хоҳишмандон синтомисину фталазол тақсим мекардам.
Ё садои тӯп дар ин валвала ба гӯши мо нарасид, ё тӯпчиён кайҳо роҳи Муздалифаро пеш гирифта буданд, ба ҳар ҳол садои шилликро нашунида, ишора ба ҳаракат доданд.
Қориака даст бардошта дуо карданд:
– Илоҳо, номаи омоли маро қабул фармой! Парвардигоро, дар қатори сиддиқон, шаҳидон охирати моро низ обод кун!
Омин!
– Омин, оллоҳу акбар.
Шӯре буд, ки дар водии Арафот барпо шуд. Ҳамаи сайёраҳо ба замми ғурроси гӯшкаркунандаи моторҳошон бо тамоми қувват гудок мезаданд, ҳамаи хару уштурсаворон дар талаби роҳ фарёд мекашиданд.
Дар водии Арафот фаҳмидам, ки миллион нафар одам ин қадар бисёр мешудааст. Абри сиёҳи чангу ғубори биёбони регистон дар як зум рӯи осмонро пӯшонид. Сафҳаи осмон ба дараҷае пӯшида шуд, ки дар кадомин тараф будани офтобро ҳатто тахминӣ пай бурдан ҳам мушкил буд.
Эҳтимол, дар ин мусобиқаи девонавори сайёраҳо, саворҳо ва пиёдаҳо ягон ҷиҳати савоб будагист, хаёл мекардам ба худ.
Вагарна ин масофаро оромтар ҳам тай кардан мумкин. На ронанда аз пахш кардани пирамрдони нотавон андешае дошту на пиёдаи ҳаросон аз хавфи чалпак шудан дар зери чархҳои гарони автомобил.
Бачаҳои хурдсол дар пушти модарҳошон, модарон аз паси шавҳарони худ аз канори роҳҳо, аз регзори байни роҳҳо афтону хезон медавиданд. Харҳо, уштурҳои зангӯладори ҷулу полонҳошон ҳошиянок аз ин ҳангомаю дордор маст шуда, кафк аз даҳон пошида лӯк-лӯккунону чорхезгирон метохтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё