Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Гадо тамасхуромез хандид ва ба дӯғу даранаги Исрофил эътиборе надода, бо имову ишора тасвир намуд, ки Русия як чизи ҷангҷӯй аст ва милтиқ дар даст дораду ба ҳар тараф тир меандозад.
– Русия, – мегуфт ӯ, – пах-пах-пах! Русия – ганда.
– Аҳмақ! – гуфт ба ӯ Исрофил ва гӯё бо вай гадо неву бо мо баҳс карда бошад, ба мо рӯй оварда дод гуфт: – Русия – такягоҳи сулҳ Русия – ватани бародарӣ ва баробарист!
Дар ин асно муаллими яманӣ аз ҳарамаш баромада, гадоро ба берун тела дода баровард ва аз пасаш як лагад фаровард.
Гадои таҷовузкор ба мобайни меху танобҳои бисёре дароз кашида, ба зудӣ ба по хеста натавонист. Бародарони Зайнӣ Кӯшак, ки фарёди Исрофил ва гадоро шунида омада буданд, ӯро зада-зада пеш карданд. Пас аз фурсате Кӯшаки миёна – Саид Абдулло ба хаймаи мо даромада, ба забони вайрони туркиаш гуфт, ки чаро бо девона баҳс мекунем?
– Бу киши ноқисулақл – мегуфт ӯ. – Бу дивана бизники
1 маҳаллада. Биласиз-мӣ?
Чанд дақиқа дар хомӯшӣ гузашт. Исрофил ҳамчунон сахтсахт нафас мегирифт. Изтиробаш ҳанӯз пасанда нашуда буд.
Ногоҳ хандаам гирифт. Азбаски баланд хандидан мумкин набуд, сар ба домани эҳром печонида, нафасгардон шуда механдидам.
– Чӣ механдӣ? – ба сарам наъра кашид Исрофил. – Маймун пасашро ба ту тамошо дод?
– Ҳай дареғо! – гуфтам, – ҷӯраи ман дар мамлакати бегона як бор баҳс кушод, маълум шуд, ки мубоҳисаш ҷиннӣ будааст.
Исрофил ҳам аз ғазаб фаромада хандид.
Ин одам аз ақл бегона аст. Ин девона аз маҳаллаи мост. Мефаҳмед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё