Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Намебинӣ, бо фикру хаёл бандам?
– Ку, бигӯ, чӣ андеша дорӣ?
– Ту қиссаи аҷдоди аҷдодонатро медонӣ?
– Одаму Ҳавворо?
– Ҳазрати Одам ва ҳазрати Момо Ҳавворо.
– Медонам. Онҳо дар ҷаннат зиндагонӣ мекардаанд. Рӯзе ба гапи шайтони лаин даромада, аз меваи мамнӯъ тановул кардаанд, яъне ду дона гандум хӯрдаанд. Соҳибамон дар ғазаб шуда, ҳар ду бандаи лаҷомгусехтаашро аз биҳишт рондааст.
– Хӯш, давомаш?
– Давом надорад. Ҳамааш ҳамин. Лекин гуфтан лозим, ки парвардигор онҳоро барои ду гандум на аз хасисӣ рондааст, балки барои… ба ту чӣ навъ карда фаҳмонам… ба хотири принсип. Ба касофати нафси бад ва кунҷковии аҷдодон мо ҳам аз ҷаннат маҳрум шудаем. Вагарна ҳоло дар биҳишт кайф карда, хурмову анҷир хӯрда, дар лаби ҷуйҳои салқине ки аз яке шир ва аз дигаре мураббо…
– Шарбат…
– Ҳа, аз дувумӣ шарбат ҷорӣ аст, шиками худро хорида, мехобидем.
– Не, Искандар. Аввал ин ки агар ҳазрати Одаму ҳазрати Ҳавворо аз ҷаннат намеронданд, ту ҳам ба дунё намеомадӣ, чунки дар ҷаннат одам аз одам таваллуд намеёбад. Дар он ҷо мардро аз лой, занро аз қабурғаи мард месозанд. Ҳаминро ҳам бидон, ки мардро худи худованд месохтааст, аммо азбаски занбезори гузаро будааст, сохтани занро ба ҳазрати Ҷабраил мефармудааст.
– Ин тавр бошад, хуб шудааст, ки аз ҷаннат рондаанд. Аз лой бино шудан ба ман он қадар маъқул не. Бе ин ҳам гоҳ-гоҳе ҳис мекунам, ки як гӯшаи мийяи баъзе зотҳо аз лой холӣ нашудааст.
– Хайр, давоми қиссаро шунидан мехоҳӣ ё не?
– Бо ҷону дил. Вақтҳои охир ту чунон маълумотҳои тозаи обнорасида ёфта мегӯӣ, ки ҳуш аз тарки сарам меканад. Боз ту, ношукрро, як бор «имоми поликлиника» гӯям, қаҳрат омада буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё