Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Бо вуҷуди ин тиқилинҷ мошинҳои ёрии таъҷилии истеҳсоли ШМА, Германияи Ғарбӣ ва ғайра, ки ба ҳоҷиёни Туркия, Покистон ва дигар мамлакатҳо вобаста шудаанд, сигнали воҳимаангези сиренаашонро мунтазам наваохта, анбӯҳи одамонро ба ду тараф пароканда сохта, бо шаст гузашта мераванд. Дар ҳайрат будам, ки онҳо ба куҷо мешитобанд. Охир дар ин ҷо на радиотелефон буд ва на телефони муқаррарӣ ва касе ба кумаки худ ин мошинаҳоро бихонад.
Аз домани теппакӯҳи муқаддас то болои он, то он ҷое ки сутуни сафеди сангин меистод, чашмаҳои сунъӣ, намозгоҳҳои бешуморе воқеъ шудааст. Ҳоҷиён аз ҳар кадоми ин чашмаҳо, ки оби одии чоҳ ҷорӣ буд, ҳатман шикамсерӣ нӯшиданро савоби фавқулода медонистанд. Дар ҳар қадам одамони солхӯрдаи лоғару заифро дидан мумкин буд, ки аз такрор ва бо зӯрӣ нӯшидани оби бисёр бо ранги канда ва сару тани арақшор беҳолона нишастаанд.
Ба Қориака наздик шуда гуфтам, ки ба қадри имкон аз истеъмоли оби ноҷӯшида худдорӣ кардани аҳли гурӯҳ хуб мешуд. Сардор ҳамаро ғун карда гуфтанд, ки андозаи савоб ҳаргиз ба андозаи оби нӯшида вобаста нест. Барои савоб фақат як-ду ҷуръагӣ нӯшидан кифоя бувад. Баъди фатвои Қориака таъйиноти духтур шакли қонунӣ гирифт ва комилан набошад ҳам қисман риоя карда шуд.
Ҳоҷиён ба харсангҳои тираи кӯҳи Арафот часпида оҳистаоҳиста ба фарозу нишеб мехазиданд. Онҳое ки ҷисман заифтар буданд, дар роҳи ноҳамвор афтодаву хеста, ғелидаву ҷӯлида, бо дасту поҳои хуншор бармегаштанд.
Аз дидани ин гуна манзараҳо кас одатан изо мекашад, аммо гоҳо алам мекунад, ки асрҳои аср инҷониб олами равшан ба ихтиёри бани одам дода шудаасту ҳанӯз қисми зиёди он ба по нахестааст, дар ким-кадом роҳҳои мавҳум мисли ҷонварҳои нобинои қадима метападу мехазад ва ё ба зону афтода «гавак мекашад». Дар олами равшан истода, гӯё дар мағораи тираву торе бошад, дар кофтукови баромадгоҳ такопӯе дорад…
Ногоҳ Искандар ба пеши назарам омад.
– Ҳой ҳоҷӣ, чаро ин ҷо баҳузур нишастаӣ? – мепурсид ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё