Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

худро бо ҳама гуна воситаҳое, ки қонун манъ накардааст, ҳифз карда метавонад.

Принсипи муҳофизат аз бекорӣ ва мусоидат барои дарёфти шуғл. Ин ба принсипи дар КМ ҶТ муқарраршуда мувофиқат мекунад, ки аз ҷиҳати мазмуни он ҳуқуқи ҳимоятро аз бекорӣ ифода мекунад. Ин принсип ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба квотаҳои ҷойҳои корӣ ё ташкили корҳои ҷамъиятӣ ва ғайра асос ёфтааст. Қонуни мазкур самтҳои сиёсати давлатро дар соҳаи шуғл муайян мекунад, ваколатҳои хадамоти давлатии шуғл, аз ҷумла таҳия ва татбиқи барномаҳо, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи шуғл, кӯмак ба шаҳрвандон барои дарёфти кори мувофиқ ва кӯмак ба корфармоён дар интихоби кормандони зарурӣ ва ғайраро танзим менамояд. Барои гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон, аз ҳисоби квотаи муқарраршуда, масалан, барои ба кор қабул кардани маъюбон кафолатҳои иловагӣ пешбинӣ карда мешаванд.

САВОЛҲОИ САНҶИШӢ

  1. Принсипҳои ҳуқуқи меҳнатро тасниф намоед.
  2. Принсипҳои байнисоҳавиро номбар кунед.
  3. Принсипҳои умумиро шарҳ диҳед.
  4. Таркиб ва мазмуни принсипҳоро шарҳ диҳед.
  5. Номгӯи принсипҳои дар КМ ҶТ (моддаи 4) пешбинишударо номбар намоед.
пешина
аз 496
навбатӣ