Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

меҳнатро инъикос мекунанд, бо ҳама ё бо аксарияти институтҳои ҳуқуқӣ ё бо меъёрҳои қисмҳои умумии онҳо бо назардошти вазъи хоси онҳо, алоқаманд мебошанд. Мисол, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад (моддаи 37). Ин муқаррарот дар принсипи соҳавӣ дар самти таъмини ҳуқуқи ҳар як корманд ба шароити одилонаи меҳнат, аз ҷумла ҳуқуқи истироҳат тавсиф ёфтааст (моддаи 4 ҚМ ҶТ).

Принсипҳои асосӣ (соҳавӣ) ба таври мушаххастар дар принсипҳои институтҳо, ки ба меъёрҳои муқаррарии ҳуқуқ наздиктаранд, ифода меёбанд ва онҳоро пурра мегардонанд (ба монанди принсипҳои шарикии иҷтимоӣ ё принсипҳои музди меҳнат ва ғайра).

Ҳамин тавр, принсипи соҳавӣ оид ба таъмини ҳуқуқи ҳар як корманд ба пардохти саривақтӣ ва пурраи музди меҳнати одилона ва таъминкунандаи зиндагии шоистаи ӯ ва аъзои оилааш, на камтар аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнат бо ҚМ ҶТ (моддаи 139) муқаррар шудааст.

Ин принсип дар принсипи институти музди меҳнат ва меъёрбандии меҳнат (моддаи 132 ҚМ ҶТ) ва кафолатҳои асосии давлатии пардохти музди меҳнат (моддаи 140-141 ва дигар моддаҳои ҚМ ҶТ) кушода шудааст.

Принсипҳои умумиҳуқуқӣ ва байнисоҳавии ҳуқуқи меҳнат дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар моддаҳои 35 ва 37 ва дигар моддаҳои он инъикос ёфтаанд. Дар моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ

пешина
аз 496
навбатӣ