Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

БОБИ 3. ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ
ҲУҚУҚИ МЕҲНАТ

3.1. Мафҳуми принсипҳои асосии ҳуқуқи меҳнат ва
моҳияти онҳо

Мо аз назарияи давлат ва ҳуқуқ медонем, ки принсипҳои ҳуқуқ муқаррароти ибтидоӣ ва асосие мебошанд, ки ягонагӣ, моҳияти танзими ҳуқуқӣ ва самтҳои умумии рушди меъёрҳои соҳаҳои ҳуқуқро муайян мекунанд.

Тибқи гурӯҳбандии умумиэътирофшуда, ки дар асоси он доираи фарогирии принсипҳо замина гирифтааст, онҳо ба принсипҳои умумиҳуқуқӣ, ки тамоми низоми ҳуқуқро фаро мегиранд, принсипҳои байнисоҳавӣ, ки ба якчанд соҳаҳои ҳуқуқ хосанд ва принсипҳои соҳавӣ, ки ба як соҳаи ҳуқуқ, ба монанди ҳуқуқи меҳнат дахл мекунанд, тақсим мешаванд8.

Принсипҳои асосии ҳуқуқи меҳнат бо принсипҳои умумиҳуқуқӣ ва байнисоҳавӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд, алоқаманд мебошанд. Ҳамзамон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, принсипҳои ҳуқуқи меҳнатро инъикос кардааст.

Бо назардошти ин, принсипҳои ҳуқуқи меҳнат, ҳамчун
асоси ибтидо, муқаррароти умумӣ, ки моҳияти ҳуқуқӣ

_______________ 8 Гейхман В.Л. [и др]. Трудовое право: учебник для прикладного бакалавриата, под редакцией В.Л.Гейхмана- 2-е изд., перераб. и доп.- Москва: Издательство Юрайт, 2019-382 с.

пешина
аз 496
навбатӣ