Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳисобҳо аст. Тартиби пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, №293 тасдиқ шудааст. Мутобиқи ин санад, ба гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн аъзои оилаи камбизоат ё дигар шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва маросими дафни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом додааст, ҳуқуқ дорад.

Дар шаҳру ноҳияҳое, ки ба музди меҳнати кормандон коэффициентҳои ноҳиявӣ муқаррар гардидаанд, андозаи кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат мувофиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» бо истифодаи ин коэффициентҳо ҳисоб ва пардохт карда мешавад.

Мутобиқи банди 6 Тартиби дар боло зикршуда, кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат вобаста аз мақоми иҷтимоии шаҳрванди вафоткарда (ҳалокгардида), аз ҳисоби маблағҳои мақомоти зерин пардохт мегардад:

Аз ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • барои шаҳрвандони суғурташудае, ки то рӯзи вафот кор мекарданд;

  • барои аъзои корношоями оилаи вафоткардаи шахси суғурташуда;

  • барои шаҳрвандони муваққатан бекоре, ки то рӯзи вафот мақоми бекорӣ доштанд ва кӯмакпулӣ барои бекорӣ мегирифтанд;

пешина
аз 496
навбатӣ