Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хонданҳисоб карда шуда, ба собиқаи умумии меҳнатӣ дохил карда намешавад.
Кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар давраҳои зерин дода намешавад:
- дар давоми корношоямии муваққатӣ, ки аз вақти муқаррарнамудаи пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ зиёд давом ёбад;
- аз ҷои истиқомати - доимӣ баромада рафтани шахси бекор бо сабаби таҳсил дар муассисаҳои таълимии касбии рӯзона;
- даъвати шахси бекор ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ, ҷалб намудан ба чорабиниҳои бо хизмати ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобастабуда.
Андозаи кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар мавридиҳои зерин мумкин аст дар ҳаҷми 25 фоиз ба мӯҳлати то як моҳ кам карда шавад: - бе сабаби узрнок ҳозир нашудан барои гуфтушунид бо корфармо дар бораи ба кор таъмин шудан дар мӯҳлати 2 ҳафта аз рӯзи бо роҳхати мақомоти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ фиристода (даъват) шудан;
- бе сабаби узрнок барои гирифтани роҳхат ба кор (ба хондан) ба мақомоти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ҳозир нашудан.
19.6. Кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат
Кӯмакпулӣ барои дафн (кӯмакпулии маросимӣ) ба
аъзои оилаи камбизоат дар ҳолати фавти корманди
суғурташуда ё худ дар ҳолати фавти аъзои оила, ки дар
таъминоти ӯ мебошанд, дода мешавад. Андозаи кӯмакпулии барои дафн баробари бист нишондиҳанда барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор