Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
(Боби 24). Тибқи он маъюбон дар сурати доштани тавсияҳои меҳнатӣ ҳуқуқи бо корфармо бастани шартномаи меҳнатиро бо шартҳои оддии меҳнат доранд. Саркашӣ аз бастани шартномаи меҳнатӣ, бо маъюбон, гузаронидани маъюбон ба кори дигар, тағйир додани шароити меҳнат бо сабабҳои маъюбӣ, роҳ дода намешавад.
Маъюбон дар муносибатҳои меҳнатӣ аз имтиёзҳои зиёд, аз қабили вақти кӯтоҳи корӣ (6 соат) бо нигоҳ доштани музди меҳнат, рухсатиҳои дарозкардашудаи меҳнатӣ (гурӯҳҳои якум ва дуюм 42 рӯз ва гурӯҳи сеюм 35 рӯз) ва табобати санаторию курортӣ бархӯрдоранд. Маъюбон бе муҳлати санҷиш ба кор қабул карда мешаванд ва ҳангоми ихтисори воҳидҳои корӣ дар ташкилотҳо, ҳуқуқи афзалиятноки дар кор монданро доранд.
Корфармоён ҳуқуқ надоранд маъюбонро ба кори шабона, кор дар рӯзҳои истироҳат, ид ва ё ба изофакориҳо ҷалб намоянд. Ҳангоми ба кори дигар гузаронидани маъюбон, андозаи музди меҳнати пештараи онҳо бояд нигоҳ дошта шавад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” маъюбон барои касбомӯзӣ ва бокортаъминшавӣ ҳуқуқи афзалиятнок доранд. Баҳри бо ҷойи кор таъмин намудани маъюбон, дар ташкилотҳо квотаҳо муқаррар карда мешаванд, ки маъюбони корҷӯй дар асоси онҳо бо кор таъмин мегарданд. Ҷойҳои корӣ барои маъюбон, бояд танҳо бо мувофиқаи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ барҳам дода шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор