Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
муассисаҳои таълимӣ, ки дар давраи соли таҳсил ҳам кор ва ҳам таҳсил мекунанд, аз чордаҳсола то шонздаҳсола - 2,5 соат дар як рӯз ва аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола - 3,5 соат дар як рӯз пешбинӣ гардидааст.
Корфармо ҳуқуқ надорад, ки давомнокии кори ҳафтаинаи барои ноболиғон муқарраршударо, зиёдтар намояд. Қонунгузории меҳнат ба корҳои шабона, изофакорӣ, корҳои ваҳтавӣ, ба кор дар истироҳат ва ид ҷалб намудани кормандони ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида, ба сафари хизматӣ фиристонидан, инчунин бозхонди онҳоро аз рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохтшаванда, манъ намудааст.
Инчунин, бо кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида бастани шартнома оид ба ҷавобгарии пурраи моддӣ манъ аст.
Гурӯҳи дигари кормандон, ки ба чораҳои иловагии ҳифзи меҳнат ниёз доранд, маъюбон мебошанд. Мавриди зикр аст, ки барои тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии ин категорияи шаҳрвандон, Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ба имзо расонид. Дар Конвенсияи мазкур ба масъалаи ҳуқуқи маъюбон ба меҳнат диққати асосӣ дода шудааст. Татбиқи ин ҳуқуқҳо ба принсипҳои пешгирии табъиз дар бозори меҳнат нисбати маъюбон, дастрасии онҳо ба шуғл, мутобиқшавии иҷтимоӣ ва татбиқи амалҳои мусбат, аз қабили квотаҳо, имтиёзҳои андозӣ ва дигар ҳавасмандкуниҳо асос ёфтаанд.
Дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2016 қабул гардидааст, оид ба хусусияти танзими меҳнати маъюбон меъёрҳои алоҳида муқаррар шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор