Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Қарори суд оид ба баҳси меҳнатии инфиродӣ тибқи қоидаи умумӣ пас аз эътибори қонунӣ пайдо карданаш иҷро карда мешавад, аммо иҷрои баъзе қарорҳо оид ба баъзе баҳсҳои меҳнатӣ бо хусусиятҳои муайян фарқ мекунанд. Инҳо қарорҳо дар бораи барқароркунии корманди ғайриқонунӣ аз кор озодшуда ё ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидашуда, мебошанд. Дар ин ҳолатҳо қарорҳо бояд фавран иҷро карда шаванд (қисми 3 моддаи 206 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки ин имконияти шикоят ё эътироз овардан аз болои қарорҳои қабулшударо истисно намекунад.
Мувофиқи моддаи 215 Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қатори қарорҳои суд, ки бояд фавран иҷро карда шаванд, инҳо дохил мешаванд:
- барқароркунӣ дар ҷои кор;
- пардохти музди меҳнат ба корманд.
Агар қарорҳои суд оид ба баҳсҳои меҳнатӣ ихтиёран иҷро карда нашаванд, онгоҳ бо муроҷиати корманд, бо тартиби муқарраргардида аз тарафи иҷроичии судӣ иҷро карда мешаванд.
17.3. Баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва тартиби ҳалли
онҳо
17.3.1. Мафҳум ва нишонаҳои баҳси меҳнатии
коллективӣ
Моддаи 323 КМ ҶТ муқаррар кардааст, ки кормандон барои ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ ҳуқуқ ба корпартой доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор