Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

корфармо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ва таъмини ҳифзи меҳнат танзим шудаанд.

Дар фасли чорум бошад масъалаҳои шарикии иҷтимоӣ ва муносибатҳои коллективӣ дар соҳаи меҳнат аз ҷумла, тартиби бастани созишнома байни тарафҳои шарикии иҷтимоӣ, назорат ва бақайдгирии созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, баррасии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва дар фасли панҷуми Кодекс бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманд ва корфармо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат танзим гардидаанд.

Фасли охири Кодекс фасли шашум муқаррароти ниҳоиро дар бар мегирад (мӯҳлати эътибори қонунӣ пайдо кардани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, беэътибор донистани баъзе санадҳои қонунгузорӣ ва ғайра).

Дар моддаи 2 КМ ҶТ қайд мегардад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ мебошад, ки барои ноил шудан ба баробарии манфиатҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ, рушди иқтисодӣ, самаранокии истеҳсолот ва баланд бардоштани некуаҳволии одамон равона гардидааст.

пешина
аз 496
навбатӣ