Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

бамезӯргирии меҳнат, музди меҳнат, кафолат ва ҷубронпулиҳо, ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ва баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ бахшида шудааст.

Дар фасли сеюм хусусияти танзими меҳнати гурӯҳи алоҳидаи кормандон, аз ҷумла хусусияти танзими меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, кормандони дар ду (якчанд) ҷой коркунанда, кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд, кормандоне, ки бо корҳои мавсимӣ машғуланд, кормандони бо усули ваҳтавӣ коркунанда, кормандони хонагӣ, кормандони хонакор, кормандони бо кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғулбуда, маъюбон, ҳайати техникӣ ва хизматрасонии мақомоти давлатӣ, соҳибкорони инфиродӣ, роҳбар ва аъзои мақомоти иҷроияи коллегиалии шахси ҳуқуқӣ ва кормандони ба кор таъйин (интихоб) намудаи соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ, шахси аз ҷониби он ваколатдоркардашуда (мақомот) ва ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ танзим шудаанд, ки ин меъёрҳо дар Кодекси қаблӣ вуҷуд надоштанд.

Дар фасли чорум бошад масъалаҳои шарикии иҷтимоӣ ва муносибатҳои коллективӣ дар соҳаи меҳнат аз ҷумла, тартиби бастани созишнома байни тарафҳои шарикии иҷтимоӣ, назорат ва бақайдгирии созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, баррасии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва дар фасли панҷуми кодекс бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат, кафолати ҳуқуқи корманд ва корфармо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманд ва

пешина
аз 496
навбатӣ