Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
211 КМ ҶТ); ҳангоми гузаронидани корманд тибқи маълумотномаи тиббӣ ба кори дигари музднок, ҳангоми гузариш бинобар осеби меҳнатӣ, бемории касбӣ ё дигар зарари ба саломатӣ, ки марбут ба кор мебошад, то барқароршавии корманд (моддаи 338 КМ ҶТ); вақте ки занони ҳомила ва занони кӯдакдори то якунимсола ба кори дигар гузаронида мешаванд (моддаи 221 КМ ҶТ).
14.3. Пардохтҳои ҷубронӣ Дар тафовут аз пардохтҳои кафолатӣ, ки бо мақсади пешгирии аз даст додан ё кам шудани музди меҳнати корманд дар давраҳои бо сабабҳои узрнок воқеан кор накардан, муқаррар карда мешавад, пардохти ҷубронпулӣ бошад барои барқарор намудани (ҷуброни) хароҷоти воқеии корманд, ки ба иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ алоқаманд аст, равона карда шудааст.
Чунин ҳолатҳо ҷуброни хароҷоти марбут ба сафари хизматӣ, иҷрои кор бо ҳаракат ба маҳалли дигар, истифодаи молу мулки шахсии корманд дар мувофиқа бо корфармо ё розигии ӯ ва дигар ҳолатҳоро дар бар мегирад.
Номгӯи ин ҳолатҳо пурра нест.
Мафҳуми сафари хизматӣ дар моддаи 174 КМ ҶТ омадааст, ки тибқи он сафари хизматӣ, бо супориши корфармо фиристонидани корманд барои иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ берун аз ҷойи кори доимӣ ба маҳалли дигар ба муҳлати муайян фаҳмида мешавад.
Кафолат ва ҷубронҳо ҳангоми сафари хизматӣ дар моддаи 177 КМ ҶТ чунин муқаррар шудаанд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо