Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мешавад, ки мувофиқи дархости корманд метавонад ба рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда илова карда шавад ё дар вақти дигар дар давоми соли тақвимӣ пас аз рӯзи супоридани хун ва ҷузъҳои он истифода бурда шавад. Ҳангоми ройгон додани хун ва ҷузъҳои он, корфармо барои корманд музди меҳнати миёнаи ӯро барои рӯзҳои хунсупорӣ ва рӯзҳои истироҳати вобаста ба ин пешбинишуда, нигоҳ медорад.

Ҳангоме, ки корфармо кормандро ба рухсатии таълимӣ ё таҳсили иловагии касбӣ мефиристад, ҷои кор (вазифа) ва музди миёнаи меҳнати ӯро дар ҷои кори асосӣ нигоҳ медорад.

Хароҷоти сафари кормандони ташкилотҳои давлатие, ки аз ҷониби корфармо ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ ба маҳалли дигар фиристода мешаванд, бо тартиб ва ҳаҷме, ки барои шахсони ба сафари хизматӣ фиристодашуда пешбинӣ шудааст, пардохт карда мешавад14.

Пардохти иловапулиҳои кафолатӣ дар чунин ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ сурат мегирад: ҳангоми танаффусҳои махсуси ба вақти корӣ дохилшуда (моддаи 84 КМ ҶТ); барои танаффусҳои иловагӣ барои ғизодиҳӣ ба кӯдакӣ (кӯдакони) то якунимсола (моддаи 218 КМ ҶТ); пардохтҳои иловагӣ ба кормандони то 18-сола бо давомнокии кӯтоҳшудаи кори ҳаррӯза (моддаи

14 Банди 16 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №456 «Дар бораи талаботи умумӣ ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар ташкилотҳои давлатӣ».

пешина
аз 496
навбатӣ