Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ҳисоб кардани мукофотпулӣ, асосҳо барои пурра ё қисман маҳрум кардани мукофотпулӣ, муҳлати амали низомнома дар бораи мукофотпулиҳо.
Дар қиёс ба низоми мукофотпулиҳое, ки ба музди меҳнати вақтбайъ ва корбайъ илова мешаванд, мукофотпулиҳои дигаре низ мавҷуданд, ки хусусияти яквақтаи ҳавасмандгардонӣ дошта, дар асоси арзёбии умумии натиҷаҳои кори кормандон берун аз низоми музди меҳнат, пардохта мешаванд. Низоми мукофотпулиҳо инчунин, иловапулиҳои ҳавасмандгардонӣ тибқи қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои меъёрҳои ҳуқуқии меҳнат бо шартномаҳои коллективӣ, созишномаҳо, қоидаҳои дохилӣ муқаррар карда мешаванд (қисми 4 моддаи 139 КМ ҶТ). Аксар вақт, низомнома дар бораи мукофотпулиҳо ба шартномаи коллективӣ ё ба низомномаи локалӣ оид ба низоми музди меҳнат илова мегардад. Кормандон бояд бо низомномаи мукофотпулӣ шинос бошанд.
САВОЛҲОИ САНҶИШӢ
- Мафҳум ва таркиби музди меҳнатро шарҳ диҳед.
- Кафолати пардохти музди меҳнатро тавсиф намоед.
- Андозаи ҳадди ақали музди меҳнатро тавсиф намоед.
- Индексатсияи музди меҳнат чигуна амалӣ карда мешавад?
- Тартиби пардохти музди меҳнати кормандонро шарҳ диҳед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо