Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
меъёри тарифии соатбайъи (якрӯзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба меъёри коркарди соатбайъ (якрӯза) ё бо роҳи зарби ставкаи тарифии соатбайъи (якрӯзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба меъёри муқарраргаштаи вақт бо соат ё рӯз муайян карда мешавад (моддаи 137 КМ ҶТ).
Ба шаклҳои музди меҳнати вақтбайъ ва корбайъ метавонад низоми мукофотпулӣ илова карда шавад. Низоми мукофотии музди меҳнат ин низомест, ки дар он кормандон тибқи муқаррароти амалкунанда барои пешакӣ иҷро кардани нишондиҳандаҳо ва риояи шартҳои он мукофотпулӣ мегиранд. Ҳангоми амали низоми мукофотпулӣ он ба музди меҳнати корманд дохил карда мешавад ва мутобиқи қисми 3 моддаи 142 КМ ҶТ яке аз ҷузъҳои таркибии музди меҳнати корманд мебошад.
Нишондиҳандаҳо барои додани мукофотпулӣ дар танзими пардохти он нақши муҳим мебозанд, зеро вақте, ки онҳо ба даст оварда мешаванд, корманд ҳуқуқи мукофотпулиро пайдо мекунад. Одатан, ин нишондиҳандаҳо иборатанд аз: иҷрои супоришҳои истеҳсолӣ (меъёрӣ), афзоиши ҳосилнокии меҳнат, сарфаи захираҳо, баланд бардоштани сифати кор ва хизматҳои расонидашуда ва ғайра. Инчунин, ба ин нишондиҳандаҳо иҷрои вазифаҳои дигар кормандон, риояи дастурамалҳои корӣ, қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва ғайра метавонанд, илова карда шаванд.
Низомнома дар бораи мукофотпулиҳо тақрибан бобҳои зеринро дар бар мегирад: доираи мукофотпулиҳо; нишондиҳандаҳо ва шартҳои мукофотпулиҳо; андозаи мукофотпулиҳо (одатан ҳамчун фоизи даромад); тартиби

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо