Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
№ 2;
-талаботи тахассусӣ тибқи дараҷаи музди меҳнат ба вазифаҳои умумисоҳавии хизматчиён мувофиқи замимаи № 3.
Шартҳои асосии таъминкунандаи муносибати ягонаи истифодабарии ҷадвали ягонаи тарифӣ иборат аст:
-бо гурӯҳи коргарон мансуб будан мутобиқ бо маълумотномаи - ягонаи тарифӣ - тахассусии кор ва касбҳои
коргарон (МЯТТ) ва маълумотномаи тахассусии касбҳои
коргар иҷро гардида бо маоши моҳона муқаррар карда мешавад;
-маоши вазифавӣ ва ставкаҳои тарифӣ дар асоси ҷадвали ягонаи тарифӣ ба ҳисоб гирифта шуда (дар вақти иҷрои
меъёри меҳнат) ҳангоми бастани созишномаи тарифӣ ва
шартномаи (қарордоди) коллективӣ чун асос хизмат мекунад;
-тартиби амалкунандаи пардохт ва иловапулӣ ба
маоши вазифавӣ ва меъёри тарифӣ, дорои хусусияти ҷубронӣ
ва ҳавасмандкунӣ (барои шароитҳои меҳнат; барои кор дар
вақти шабона ва зиёда аз вақти муқаррарӣ; рӯзҳои истироҳат ва ид; барои собиқаи корӣ; дараҷаи илмии тахассусӣ
ва ғайра) дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда нигоҳ дошта мешавад;
-дар вақти ба кормандон муқаррар намудан маоши вазифавӣ ва меъёри тарифӣ (бо назардошти зарбҳои изофагӣ ва иловапардохт) амалкунандаи маоши вазифавӣ ва меъёри тарифӣ (бо назардошти зарбҳо, изофагӣ ва иловапардохт) ба кормандони мазкур дар вақти кори онҳо дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ҳамон вазифа бо фарқият дар музди меҳнат пардохта мешавад.
-роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо