Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

барои нигоҳдории ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ҳамчун асос ба ҳисоб мераванд. Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат дар сурати зиёд шудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат тағйир меёбанд.

Ҷиҳати танзими музди меҳнати кормандон (бахусус кормандони соҳаи буҷетӣ) ва ба мақсади тақвияти нақши музди меҳнат ҳамчун воситаи ҳавасмандгардонӣ, муқаррар намудани сатҳҳои асосноккардашудаи пардохти музди меҳнати гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон вобаста аз мураккабии меҳнат, дараҷаи ихтисос ва минбаъд таъсис додани механизми нигоҳ доштани ин сатҳҳо, бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 1993 № 487 Ҷадвали ягонаи тарифӣ музди меҳнат ҷорӣ карда шудааст, ки он асоси низоми тарифӣ мебошад. Ҷадвали мазкур тақсимбандии 18 дараҷаҳои тарифӣ ва музди меҳнати ҳамаи гурӯҳҳои кормандонро аз дараҷаи корманди оддӣ то роҳбари ташкилот ифода мекунад. Ин ҷадвал дар асоси меъёри мавҷудаи музди меҳнати ҳадди ақал муқаррар гардида, дар сурати зиёд шудани ҳадди ақали музди меҳнат, тағйир меёбад.

Тибқи Тавсияномаҳо оид ба ташкили низоми пардохти музди меҳнат дар асоси ҷадвали ягонаи таърифӣ (ҶЯТ), ки аз 25 сентябри соли 2003 № 8/3694 аз ҷониби собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ шудааст, муқаррар карда мешавад:

  • дараҷаҳои таърифӣ ва коэффициентҳои таърифии ҷадвали ягонаи тарифӣ мувофиқи замимаи № 1;

-дараҷаҳои таърифӣ ва коэффициентҳои таърифӣ барои вазифаҳои хизматчиёни умумисоҳавӣ мувофиқи замимаи

пешина
аз 496
навбатӣ