Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Меъёри вақт бошад, андозаи сарфи вақти корие аст, ки дар соат ё дақиқа, барои иҷрои як кори муайян (истеҳсоли як маҳсулоти муайян ва ғайра) аз ҷониби корманди (гурӯҳи кормандон) дорои тахассуси дахлдор дар шароити мӯътадили ташкилӣ-техникии зарур, муайян шудааст.

Меъёрҳои хизматрасонӣ гуфта, ҳаҷми супориши корӣ дар миқдори объектҳои муайян (воҳиди муайяни дастгоҳ, масоҳати истеҳсолӣ) ифодашудаи хизматрасониро меноманд, ки аз ҷониби корманди (кормандони) дорои дараҷаи дахлдори тахассус дар давоми рӯзи (басти) корӣ, моҳи корӣ ё дигар воҳиди вақти корӣ ва дар шароитҳои мавҷудаи ташкилӣ-техникӣ иҷро мегардад.

Меъёри шумораи кормандон гуфта, теъдоди муқарраршудаи ҳайати дахлдори касбии тахассусӣ барои иҷрои ҳаҷми муайян ва зарурии корро меноманд. Аз рӯи меъёри шумора, инчунин ҳаҷми функцияҳои идоравӣ муайян карда мешаванд.

Супориши ба меъёр гирифташуда, ҳаҷми кори аз рӯи музди вақтбайъ муқарраршудае мебошад, ки бо меъёри соатҳо ё ченаки аслӣ ифода ёфта, онро корманд (кормандон) дар давоми рӯзи (басти) корӣ, моҳи корӣ ё дигар ченаки вақти корӣ, иҷро менамояд.

Меъёрҳои меҳнат вобаста ба соҳа, доира ва вақти амалашон муайян карда мешаванд. Масалан, аз рӯи вақти амал, меъёрҳои меҳнат ба доимӣ, мавсимӣ ё муваққатӣ ҷудо мешаванд.

Дар мавриди пардохти музди меҳнати вақтбайъ мумкин аст, ки корфармо барои гурӯҳи алоҳидаи

пешина
аз 496
навбатӣ