Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
БОБИ 12. БАМЕЪЁРГИРИИ МЕҲНАТ
12.1. Мафҳуми бамеъёргирии меҳнат
Таҳия ва татбиқи дурусти низоми пардохти музди меҳнат (шакли пардохти музди меҳнати вақтбайъ ва корбайъ) ба меъёрбандии меҳнат, ки корфармо бо дарназардошти пешниҳоди мақомоти намояндагии кормандон амалӣ менамояд, вобастагии зич дорад.
Тибқи моддаи 1 КМ ҶТ, меъёрҳои меҳнат гуфта, меъёрҳои коркард, вақт, хизматрасонӣ, шумора, супоришҳои бамеъёргирифташуда барои кормандон мутобиқи сатҳи дастовардҳои техникӣ, технология, ташкили истеҳсолоту меҳнат ва барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон, бо дарназардошти омилҳои физиологӣ, ҷинсӣ ва синну солӣ, фаҳмида мешавад.
Бамеъёргирии меҳнат яке аз унсурҳои муҳими ташкили меҳнат, яке аз кафолатҳои муқаррар намудани меъёрҳо аз лиҳози иҷтимоӣ ва илмӣ асосноки меҳнат, ки заминаи онҳо, аз ҷумла принсипи ҳаққи баробар барои кори баробарзариш амалӣ мегардад, ба шумор меравад.
Меъёрҳои коркард, меъёрҳои вақт, меъёрҳои хизматрасонӣ, меъёрҳои шумораи кормандон, супоришҳои ба меъёр гирифташуда барои кормандон ба сифати меъёрҳои меҳнат маҳсуб мешаванд.
Меъёри коркард, ҳаҷми муқарраркардаи кор аст, ки ба таври (натуралӣ) аслӣ (адад, метр, тонна ва ғайра) ҳисоб карда шуда, дар ченаки муайяни вақт (рӯзи (басти) корӣ, моҳи корӣ ва ғайра) аз ҷониби корманди (гурӯҳи кормандони) дорои тахассуси дахлдор дар шароити муътадили ташкилӣ-техникии мавҷуда, иҷро мегардад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо