Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
бо фармоиши корфармо дар ҳолати зарурӣ баъзан дар иҷрои вазифаҳои меҳнатии худ берун аз вақти муқарраршудаи корӣ ҷалб карда шаванд. Вақти кории ба меъёр гирифтанашуда одатан барои кормандоне муқаррар карда мешавад, ки кори онҳо имкони баҳисобгирии дақиқро надорад. Ба чунин кормандон кормандони идораи хоҷагӣ, техникӣ ва ғайра дохил мешаванд, ки меҳнати онҳо дар давоми рӯзи корӣ дақиқ ба ҳисоб гирифта намешавад, онҳо вақти кориро бо салоҳдиди худдашон тақсим мекунанд; вақти кории онҳо бо назардошти хусусияти корашон ба қисмҳои давомнокии номуайян ҷудо мешавад. Изофакорӣ ва кори ба меъёр гирифтанашуда аз якдигар фарқияти назаррас доранд.
10.4. Реҷа ва баҳисобгирии вақти корӣ
Дар илми ҳуқуқи меҳнат зери мафҳуми реҷаи вақти корӣ тартиби тақсимоти вақти корӣ дар давраи муайян (қисми равшании шабонарӯз, соатҳои шабона ва рӯзона, ҳафтаи тақвимӣ, моҳ, семоҳа ва ғ.) фаҳмида мешавад.
Реҷаи вақти корӣ бо шартнома ва созишномаи коллективӣ ё қоидаҳои дохилии ташкилот мувофиқи КМ ҶТ ва қонунҳо муқаррар карда мешавад. Барои корманди мушаххас бо мувофиқаи тарафҳо мумкин аст ҷадвали кории инфиродӣ муқаррар кардан шавад.
Реҷаи вақти корӣ бояд унсурҳои зеринро дар бар гирад:
-давомнокии ҳафтаи корӣ;
-давомнокии кори ҳаррӯза (баст), аз ҷумла кори нопурраи рӯзи корӣ (баст);

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо