Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тибқи моддаи 1 КМ ҶТ зери мафҳуми изофакорӣ – коре, фаҳмида мешавад, ки корманд бо амри корфармо зиёда аз давомнокии вақти кории ҳаррӯзаи барои корманд муқарраргардида ва ё зиёда аз миқдори муқаррарии соатҳои кории давраи баҳисобгирӣ иҷро мекунад. Изофакорӣ бо розигии корманд дар асос ва бо тартибе, ки корфармо бо мувофиқаи намояндагони кормандон муқаррар намудааст, истифода бурда мешавад. Корфармо уҳдадор аст ҳангоми изофакорӣ бехатарии меҳнат ва шароити муътадили истеҳсолӣ ва иҷтимоию маиширо таъмин намояд. Ҷалби кормандон ба изофакорӣ бо риояи маҳдудиятҳое, ки КМ ҶТ нисбати кормандони маъюб, занон, шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ ва ноболиғон муқаррар намудааст, сурат мегирад. КМ ҶТ ҳангоми 12 соат будани давомнокии баст, инчунин дар корҳое, ки шароиташон махсусан вазнин ва махсусан зарарнок мебошанд, изофакориро манъ кардааст.

Инчунин, давомнокии вақти изофакорӣ дар баъзе ҳолатҳо маҳдуд карда мешавад. Мисол, набояд дар давоми ду рӯз пай дар пай беш аз ду соат дар корҳое, ки шароити меҳнатии вазнин ва ё зарарнок доранд ва беш аз чор соат дар дигар корҳо кормандон ба изофакорӣ ҷалб карда шаванд.

Барои ҳар як корманд изофакорӣ дар як сол набояд аз 120 соат зиёд бошад.

Иҷрои корҳое низ пешбинӣ мешаванд, ки ҳамчун изофакорӣ ҳисобида намешаванд, аз ҷумла (моддаи 80 КМ ҶТ):

пешина
аз 496
навбатӣ